Дастаҳои «Истиқлол» ва «Душанбе-83» имрӯз сабзаи нави сунъии Варзишгоҳи марказии Душанберо имтиҳон мекунанд
ДУШАНБЕ, 17.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе, ки Федератсияи футболи мамлакат аз рӯи Лоиҳаи махсуси Конфедератсияи футболи Осиё сабзаи сунъиашро иваз намудааст, дар доираи бозиҳои аввали ½-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Душанбе-83», соати 15:00 вориди майдон шуда, ба қавле сабзаи сунъиро имтиҳон хоҳанд кард.
Ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, сабзаи сунъии пешинаи Варзишгоҳи марказӣ ҳанӯз соли 2014 мавриди истифода қарор гирифта буд ва муддати чор сол барои дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва клубҳои он хизмат кард.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки аз рӯи Лоиҳаи УЭФА (Иттиҳоди футболи Аврупо) ҳама дастгоҳҳои равшанидаҳандаи Варзишгоҳи марказӣ низ иваз карда шудаанд ва он ба меъёр ва талаботи баланди байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Имрӯз ҳамчунин вохӯрии ½-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бо ширкати дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Хуҷанд» дар варзишгоҳи «Талко – Арена»-и Шаҳри Турсунзода баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар бозиҳои нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон ягона намояндаи Лигаи якуми Чемпионати Тоҷикистон- «Душанбе-83» то ҳанӯз муборизаро идома медиҳад.








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






