Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро сазовор истиқбол мегирем!
ДУШАНБЕ, 09.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 10 октябр, соати 12:30 ба вақти Душанбе дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бо медалҳои нуқраи Чемпионати Осиё ба пойтахти кишварамон –шаҳри Душанбе тариқи хатсайри Душанбе – Алмаато фуруд меояд.
Аз Федератсияи футболи мамлакат иттилоъ доданд, ки барои арзанда пешвоз гирифтани футболбозони наврас, ки таърихи футболи Ватанро бо бозии зебою диданӣ дар Чемпионати Осиё хотирмон карданд, нақшаи тадбирҳои мутантани пешвозгирӣ роҳандозӣ шудааст.
Дар назар аст, ки истиқболи футболбозон дар назди бинои нави фурудгоҳ бо ҳузури президенти Федератсияи футболи мамлакат, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба амал пайваста, нишасти матбуотӣ бо расонаҳои хабарӣ баргузор гардад. Дар нишаст сармураббии дастаи мунтахаби мамлакат Зайниддин Раҳимов ва капитани даста Эмомалӣ Аҳмадхон ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб мегӯянд.
Баъди анҷоми пешвозгирӣ дар фурудгоҳ дастаи мунтахаби наврасон барои гузоштани гулчанбар ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ба майдони Дӯстӣ меояд.
Дар идомаи чорабиниҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе консерти идона бо иштироки сарояндагони машҳури кишвар ва беш аз 15 000 тамошобин бо ҳузури футболбозони наврас сурат мегирад.
Барои истиқболи самимии футболбозони навраси мамлакат, ки қаҳрамонона дар муқобили дастаҳои пурқуввати Осиё, мисли Япония, Кореяи Ҷанубӣ ва Кореяи Шимолӣ баробар бозӣ карда, табъи моро болида гардониданд, ҳама мухлисону рӯзноманигорон даъват карда мешаванд.
Биёед қаҳрамонҳоро тавре пешвоз гирем, ки орзуи ғалаба дар Чемпионати ҷаҳон дар дилашон дучанд гардад!








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






