Дастаи мунтахаби Тоҷикистон мусобиқаи «Bangabandhu Gold Cup»-ро бо ғалаба оғоз кард

Октябрь 3, 2018 09:23

ДУШАНБЕ,03.10.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Дирӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «Bangabandhu Gold Cup», ки дар кишвари Бангладеш ҷараён дорад, бо дастаи мунтахаби Непал вохӯрда, онро бо ғалаба анҷом дод. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Силҳет Дистирикт Стедиум» барпо гардид.

Футболбозони мо дар дақиқаи 27-ум баъди аз пой зада афтонидани Ҷаҳонгир Эргашев зарбаи пеналтиро истифода бурда, ҳисобро кушоданд. Тӯбро капитани даста Фатҳулло Фатҳуллоев  ба нишон расонд.

Дар қисми дуюм Комрон Турсунов баъди ба майдон баромадан дар дақиқаи 60-ум ҳисобро афзуд. Ӯ тӯби партофтаи Фатҳулло Фатҳуллоевро бо зарбаи сар вориди дарвоза кард. Ин аввалин гол ва аввалин ширкати Комрон Турсунов дар ҳайати дастаи мунтахаби мамлакат ба ҳисоб меравад.

Футболбозони мо 4 октябр дар гурӯҳи «А» дар вохӯрии дуввум бо дастаи мунтахаби  Фаластин, ки иштирокчии Чемпионати Осиё-2019 мебошад, қувва месанҷанд.

Мусобиқаи «Ҷоми тиллоии Баҳандбандҳу» аз 1 то 12 октябри соли 2018 идома меёбад. Он аз ҷониби Федератсияи футболи  Бангладеш таъсис дода шуда, маротибаи 6-ум гузаронида мешавад. Бори аввал дар мусобиқаи имсола дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Фаластин, Филиппин ва Лаос ширкат меварзанд.

Бангладеш соли 2015 ва Непал соли 2016 ғолибони ин мусобиқаи байналмилалӣ гардидаанд.

Мусобиқаи байналмилалии «Bangabandhu Gold Cup»

Гурӯҳи  «А».

Даври 1-ум

Непал – Тоҷикистон – 0:2

Голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 27 – аз  пеналти (0:1). Комрон Турсунов, 70 (0:2).

Тоҷикистон: Рустам Ризоев, Бахтиёр Қаландаров, Хуршед Бекназаров, Сиёвуш Асроров, Манучеҳр Ахмедов, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳсинҷон Абдуғаффоров (Комрон Турсунов, 60),  Фатҳулло Фатҳуллоев, Муҳаммаҷон Раҳимов (Ҳикматулло Расулов, 90+2), Ҷаҳонгир Эргашев.

Огоҳӣ: Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Эргашев (Тоҷикистон).

2 октябр. Силҳет (Бангладеш). Варзишгоҳи  «Силҳет Дистрикт». 

   Дастаҳо Б Ғ М Б Т/т И
1 Тоҷикистон 1 1 0 0 2-0 3
2 Фаластин 0 0 0 0 0-0 0
3 Непал 1 0 0 1 0-2 0

Гурӯҳи  «В».

Даври 1-ум

Бангладеш – Лаос – 1:0

  Дастаҳо  Б Ғ М Б Т/т И
1 Бангладеш 1 1 0 0 1-0 3
2 Филиппин 0 0 0 0 0-0 0
3 Лаос 1 0 0 1 0-1 0

 

Тақвими бозиҳои оянда:

Даври 2

3 октябр

17:30* – Филиппин – Лаос. Варзишгоҳи «Силҳет Дистрикт»

4 октябр

17:30 – Тоҷикистон – Фаластин. Варзишгоҳи  «Силҳет Дистрикт»

 Даври 3

5 октябр

17:30 – Бангладеш – Филиппин. Варзишгоҳи  «Силҳет Дистрикт»

6 октябр (шанбе)

17:30 – Фаластин – Непал. Варзишгоҳи «Сиҳхет Дистрикт»

 Бозиҳои нимфиналӣ

9 октябр

13:30 – Ҷои 1-уми гурӯҳи  «А» – ҷои дуввуми гурӯҳи «В». Варзишгоҳи  «Кокс-Бозор»

10 октябр

13:30 – Ҷои 1-уми гурӯҳи  «В» – ҷои дуввуми гурӯҳи «А». Варзишгоҳи  «Кокс-Бозор

 Финал

12 октябр

17:30 – Варзишгоҳи миллии «Бангабандҳу»

*Соати бозиҳо бо вақти Душанбе нишон дода шудааст.

Октябрь 3, 2018 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд