Даври аввали бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё байни бонувон (U-19) дар Тоҷикистон ба анҷом расид

Октябрь 30, 2018 10:40

ДУШАНБЕ, 30.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Даври аввали бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё байни бонувон (U-19), ки аз 24 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор оғоз ёфта буд, ба анҷом расид. Дар он дастаҳои мунтахаби бонувони Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ, Тайбеи Чин ва Бангладеш иширок карданд. Шореҳи АМИТ “Ховар” Аловиддин Бӯриев шарҳ медиҳад.

Замони дар қатори дастаҳои муқтадири бонувони Осиё баробар бозӣ кардани дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон ҳоло фаро нарасидааст, вале аввалин кӯшишҳо нишон медиҳанд, ки ФФТ дар ин ҷода қадамҳои худро оҳиста-оҳиста ба пеш мегузорад. Духтарони футболбози 19-солаи мо дар радифи ин бозиҳо аз дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ (3:0), Тайбеи Чин (7:0) ва Бангладеш (5:1) мағлуб шуданд, вале таҷрибаи бою ғание гирифтанд, ки дар оянда ба кор хоҳад омад. Ягона тӯби дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба дарвозаи Бангладеш Гулсунбӣ Ҳалимова ба нишон расонд.

Дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ дар ҳунарнамоӣ аз ҳамаи дастаҳои ширкаткунанда як сару гардан боло буд. Дар баробари духтарони Тоҷикистон Бангладеш бо ҳисоби 7:0 ва Тайбейи Чин 2:0 ба мағлубият дучор шуданд ва Кореяи Ҷанубӣ бо касби 9 имтиёз соҳиби ҷои аввал гардид.

Зинаи дуввумро бонувони дастаи мунтахаби Тайбейи Чин бо ду ғалаба бар Тоҷикистон (7:0) ва Бангладеш (2:0) бо нишондоди 8 имтиёз ба даст оварданд.

Бангладеш бо се имтиёз барандаи ҷои сеюм гардид.

Ба даври дуввуми бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё байни бонувони то 19-сола, ки аз 22 то 30 апрел мегузарад, дастаҳои мунтахаби Австралия, Эрон, Лубнон, Миянма, Непал, Кореяи Ҷанубӣ, Ӯзбекистон ва Ветнам роҳхат гирифтанд.

Чемпионати Осиё-2019 байни бонувони то  19-сола

Даври якуми бозиҳои интихобӣ. Гурӯҳи  «D»

Даври 1

Тайбэйи Чин – Тоҷикистон – 7:0

Кореяи Ҷанубӣ – Бангладеш – 7:0

 

Даври 2

Тоҷикистон–Кореяи Ҷанубӣ – 0:3

Бангладеш –Тайбэйи Чин – 0:2

 

Даври 3

Тоҷикистон – Бангладеш – 1:5

Кореяи Ҷанубӣ –Тайбэйи Чин – 4:0

   Дастаҳо Б Ғ М Б Т/т И
1 Кореяи Ҷанубӣ 3 3 0 0 14-0 9
2 Тайбэйи Чин 3 2 0 1 9-4 6
3 Бангладеш 3 1 0 2 5-10 3
4 Тоҷикистон 3 0 0 3 1-15 0
Октябрь 30, 2018 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд