Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 омодагӣ мебинад

Октябрь 20, 2018 10:50

ДУШАНБЕ, 19.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Паст шудани ҳарорати ҳаво аз бармаҳал омадани зимистон дарак медиҳад. Бояд гуфт, ки тирамоҳи имсола назар ба солҳои пешин сардтар буда, соҳаҳои иҷтимоиёти ҷумҳуриро зарур аст сари вақт ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 омода шаванд.

Тавре аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар асоси  нақшаи чорабиниҳо оид ба давраи  зимистонгузаронии солҳои 2018-2019 донишгоҳ як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст. Ҳоло тамоми биноҳои таълимии донишгоҳ ба шабакаҳои гармидиҳӣ  таъмин буда, зиёда аз 1500 адад лампаи каммасраф ва ЭЛБ харидорӣ шудаанд.

Ҳамчунин   роҳравҳои ошёнаҳои биноҳои таълимӣ ва синфхонаҳо бо равшанӣ пурра  таъмин шуда, шишабандии тирезаҳои Донишгоҳ дар назар аст. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  барои пешгирӣ намудани лағжиш дар фасли сармо 2 тона қуми бо намак омехта харидорӣ намудааст.

Бояд  зикр кард, ки барои омадагии фасли сармо дар истгоҳҳои  хурди барқии биноҳои таълимӣ корҳои профилактикӣ идома дошта, ҳамаи хатҳои барқӣ таъмир гардидаанд.  36 адад обравҳои шифтҳои атрофи биноҳои таълимӣ аз таъмир бароварда, ҳамаи шифтҳои 11 бинои таълимӣ аз назар гузаронида шуда, ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд.

Ҳамчунин бояд зикр намуд, ки  барои гарм нигоҳ доштани хонаҳои донишҷӯён хобгоҳҳои донишгоҳ бо печҳои барқӣ таъмин шудаанд.

Айни замон  баъзе корҳои омодагӣ ба давраи зимистон  идома дошта, дар кӯтоҳтарин муддат ба анҷом расонида мешаванд.

Октябрь 20, 2018 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд