Довталабони мансабҳои давлатӣ ҳангоми ишғоли вазифаҳо дар мақомоти давлатӣ муваззафанд эъломия оид ба даромад ва вазъи молу мулк пешниҳод намоянд
ДУШАНБЕ, 01.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» тағйиру иловаҳо ворид намуд. Тибқи он минбаъд довталабони вазифаҳо ва мансабҳои давлатӣ ҳангоми ишғоли вазифаҳо дар мақомоти давлатӣ муваззафанд, ки эъломия оид ба даромад ва вазъи молу мулк пешниҳод намоянд.
Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» дар доираи нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 -2020 таҳия гардидааст.
Тавре директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов ҳангоми тавзеҳи масъалаи мазкур дар Парлумони мамлакат гуфт, ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» коҳиш додани хавфи ҷиноятҳои коррупсионӣ дар мақомоти давлатӣ мебошад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






