ФУТБОЛ: Чемпионати Осиё -2019 ба марҳилаи бозиҳои нимниҳоӣ расид

Октябрь 30, 2018 09:30

ДУШАНБЕ, 30.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Чемпионати Осиё-2019 байни ҷавонони то 19-сола, ки дар Индонезия идома дорад, ба марҳилаи бозиҳои нимниҳоӣ расид. Баъди бозӣ дар ду вохӯрии охирини рӯзи гузашта дастаҳои мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ ва Арабистони Саудӣ ҳуқуқи иштирок дар бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон-2019-ро, ки дар Полша сурат мегирад, ба даст оварданд ва ҳамчунин муборизаро дар бозиҳои нимниҳоӣ идома медиҳанд. Шарҳи шореҳи АМИТ “Ховар” Аловиддин Бӯриев дар бораи вохӯриҳои охирини ¼-ниҳоии Чемпионати Осиё.

Дар бозиҳои охирини  ¼-ниҳоии Чемпионати Осиё аввалин шуда,  дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ ба майдон омаданд. Муқобилияти сахти футболбозони ҳар ду даста ба мушоҳида расид. Дар натиҷа 6 нафар футболбозони тоҷик ва 5 нафар футболбозони Кореяи Ҷанубӣ аз ҷониби довар огоҳӣ-корти зард гирифтанд, ки ин шаҳодати ҷидду ҷаҳди футболбозони ҳар ду даста барои роҳхат ба бозиҳои нимниҳоӣ ва Чемпионати ҷаҳон буд.

Дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, ки  дар ин муддат 12 маротиба унвони чемпионӣ ба даст овардааст, дар рақобат бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон имкон пайдо кард, ки муҳофизатгарон ва  дарвозабони моро дар ғафлат гузошта, тӯбро вориди дарвоза кунад. Дар як ҳолати на он қадар хатарнок дар дақиқаи 44-ум Ҷеон Си-Ҷин дар танҳоӣ аз миёни чор  нафар тӯбро вориди дарвоза кард ва он тақдирсоз омад. Хати ҳуҷуми дастаи мунтахаби Тоҷикистон натавонист ба ин гол ҷавоб гардонад. Ҳисоби 1:0 футболбозони моро аз давом додани рақобатҳо дар Чемпионати Осиё-2018 берун кард.

Дар бозии дуввуми охирини ¼-ниҳоӣ дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ, ки дар як гурӯҳ бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон қарор дошт, дастаи мунтахаби Австралияро бо нишондоди 3:1 шикаст дод. Бозии футболбозони араб сазовори таърифу тавсиф буд. Агар дар бозиҳои оянда ҳам ҳамин тавр ҳунарнамоӣ кунанд, он гоҳ ба унвони чемпионӣ хоҳанд расид. Дар бозӣ бо Австралия Турки Аламар (1:0, 7 дақиқа), Фирас Албиркан (2:1, 50) ва Сауд Абдулҳамид (3:1, 82)  тӯбҳоро ба нишон расониданд. Ягона голи Австралияро Начанел Аткинсон (42 –дақиқа) вориди дарвоза кард.

Ёдрас мешавем, ки дар бозиҳои гузаштаи ¼-ниҳоӣ дастаи мунтахаби Япония бар Индонезия (2:0) ва Қатар бар Тайиланд (7:3) ғолиб омада буданд.

Ба ҳамин тартиб, дар бозиҳои нимниҳоӣ, 1 ноябр дастаҳои мунтахаби Қатар бо Кореяи Ҷанубӣ ва Япония бо Арабистони Саудӣ бо ҳам қувва месанҷанд.

 

Октябрь 30, 2018 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд