ФУТБОЛ: дастаҳои мунтахаби Қатар ва Япония ба Чемпионати ҷаҳон-2019 роҳхат гирифтанд

Октябрь 29, 2018 09:50

ДУШАНБЕ, 29.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи бозиҳои ¼-ниҳоии Чемпионати Осиё-2018 байни ҷавонони то 19-сола аввалин вохӯрӣ бо ширкати  дастаҳои мунтахаби Қатар ва Тайиланд баргузор гардид. Ин вохӯрӣ ба яке аз бозиҳои серголтарини Чемпионати Осиё-2018, ки дар Индонезия идома дорад, табдил ёфт. Шарҳи шореҳи АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВ дар бораи вохӯриҳои аввали ¼-ниҳоии Чемпионати Осиё пешкаш мегардад.

Дар бозии ¼-ниҳоӣ натиҷаи ин қадар бузургро касе пешгӯӣ накардааст ва интизор ҳам набуд. Аммо дастаҳои мунтахаби Қатар ва Тайиланд ба сари якдигар борони тӯбҳоро рехтанд, ки дар якҷоягӣ 10 тӯб хати дарвозаҳоро рахна карду даврвозабонҳоро маҳзун гардонид.  Фаъолии футболбозон мухлисонро ба ваҷд овард. Дар дақиқаи 13-ум Ҳошим Алӣ иштибоҳи ҳимоятгари Тайиланд  Саранйу Палангванро истифода бурда,  ҳисобро боз кард. Тӯби  дуюм ҳам аз иштибоҳи футболбозони Тайиланд хати дарвозаро убур кард. Онро Носир Алязидӣ дар дақиқаи 21-ум вориди дарвоза гардонд. Нимаи аввал бо ҳисоби 2-0 ба нафъи дастаи мунтахаби Қатар анҷом ёфт.

Дар қисми дуввум футболбозони Тайиланд ба худ омада, фишорро ба дарвозаи қатариҳо афзуданд ва то дақиқаи 61-ум тавассути голҳои  Корваич Таса ва Сакунчай Сакунтопо натиҷаро мусовӣ-2:2 карданд.  Дақиқаи  80-ум барои тайиландиҳо бобарор омад ва бори аввал дар ин вохӯрӣ баъди голи Сирапак Пруенга онҳо ба сафи пеш баромаданд. Аммо баъди 7 дақиқа Аҳмад Суҳайл боз натиҷаро баробар кард.

Барои муайян кардани ғолиб ду қисми иловагӣ таъйин гардид ва онро футболбозони Қатар хуб истифода бурда, чор тӯби дигарро ба дарвозаи Тайиланд ворид карданд. Абдурашид Умар (4:3, 99-дақиқа, 6:3, 117-ум дақиқа), Халид Мансур (5:3, дақ 106) ва Юсуф Айман (7:3, 120-ум дақ) тӯбҳоро ба нишон расониданд.

Дар бозии дуюми ¼-ниҳоӣ дастаи мунтахаби Япония дар варзишгоҳи муҳташами “Гелора Бунг Карно”-и шаҳри Ҷакарта бар мизбони  Чемпионат –Индонезия дар ҳузури  60 ҳазор 150 мухлис бо натиҷаи 2:0 ғолиб омада, роҳи худро барои бозиҳои ½-ниҳоӣ ҳамвор карданд. Тӯбҳоро Шунки Ҳигаши ва Тайсей Мияширо ба нишон расониданд.

Ҳамакнун дастаҳои мунтахаби Қатар ва Япония ғолибони ҷуфти бозиҳои ¼-ниҳоӣ- Кореяи Ҷанубӣ бо  Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ бо Австралияро дар вохӯриҳои ½-ниҳоӣ интизор мешаванд.

Октябрь 29, 2018 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад