Футбол: дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин дар бозии нимниҳоӣ вориди рақобат мешаванд
ДУШАНБЕ,08.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 9-уми октябр дастаи мунтахаби асосии Тоҷикистон ва Филиппин дар бозии нимниҳоии мусобиқоти «Bangabandhu Gold Cup», ки дар Бангладеш ҷараён дорад, бо ҳам вориди рақобат мешаванд.
Фуболбозони кишварамон, ки дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Фаластин ва Непал бо ҳам мусобиқа доштанд, аз зинаи дуюм ба бозии нимниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Ёдрас мешавем, ки мусобиқоти «Bangabandhu Gold Cup» бори шашум бо иштироки шаш дастаи Осиё гузаронида мешавад ва Тоҷикистон дар он бори аввал иштирок менамояд.
Гурӯҳи «А»
| Ҷой | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т/т | И |
| 1 | Фаластин | 2 | 2 | 0 | 0 | 3-0 | 6 |
| 2 | Тоҷикистон | 2 | 1 | 0 | 1 | 2 | 3 |
| 3 | Непал | 2 | 0 | 0 | 2 | 0 | 0 |
2 юми октябр
Непал – Тоҷикистон 0:2
Голҳо: Фатҳуллоев 27, 1:0 –аз пеналти, Турсунов 69, 2:0
4-уми октябр
Тоҷикистон – Фаластин 0:2
Голҳо: Кантилана 1, 1:0, Баҳдарӣ 75, 2:0
6-уми октябр 2018-10-08
Фаластин – Непал 1:0
Гол: Салим 70, 1:0
Ҷадвали гурӯҳи «В»
| Ҷой | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т/т | И |
| 1 | Филиппин | 2 | 2 | 0 | 0 | 4 -1 | 6 |
| 2 | Бангладеш | 2 | 1 | 0 | 1 | 1-0 | 3 |
| 3 | Лаос | 2 | 0 | 0 | 2 | 1-4 | 0 |
1 –уми октябр
Бангладеш – Лаос 1:0
3-юми октябр
Филиппин – Лаос 3:1
5-уми октябр
Бангладеш –Филиппин 0:1
Бозии нимниҳоӣ
9-уми октябр
Филиппин – Тоҷикистон
Варзишгоҳи «Кокс Базар»
10-уми октябр
Фаластин — Бангладеш
Варзишгоҳи «Кокс Базар»
Финал
12-уми октябр
Ғолиби бозиҳои нимниҳоӣ
Варзишгоҳи «Кокс Базар»








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






