ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Чемпионати Осиёро бо ғалаба оғоз кард
ДУШАНБЕ, 20.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо роҳбарии Мубин Эргашев нахустин дидори хешро дар доираи бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Чемпионати Осиё-2018 бар зидди яке аз дастаҳои пурқуввати мусобиқа- дастаи мунтахаби ҷавонони Чин баргузор намуд. Дидори дастаҳо хеле ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби 1:0 ба нафъи дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба охир расид.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар ин вохӯрии ҷолиб голи ягонаро Шарафҷон Солеҳов дар дақиқаи 77-ум ба ҳадаф расонида, ба дастааш пирӯзии овард. Баъди ин муваффақият дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон се имтиёз ба даст оварда, дар зинаи дуюми ҷадвали гурӯҳи «D» мавқеъ гирифт.
Дар бозии дигари гурӯҳи мазкур дастаи мунтахаби ҷавонони Арабистони Саудӣ бар дастаи мунтахаби ҷавонони Малайзия бо ҳисоби 2:1 ғолиб гардид.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахабаи ҷавонони Тоҷикистон дар даври навбатӣ 23 октябр, соати 17:00 бо дастаи мунтахаби ҷавонони Малайзия рақобат мекунад.










Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






