Футбол: дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон муборизаро барои Ҷоми Осиё идома медиҳад

Октябрь 26, 2018 20:30

ДУШАНБЕ, 26.10.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) оид ба футбол дар Чемпионати Осиё-2018 муборизаро барои Ҷоми ин қитъа идома медиҳад. Шоми дирӯз новобаста ба он, ки футболбозони тоҷик  дар даври охирини мусобиқаи гурӯҳи «D» аз дастаи мунтахаби  Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуданд,  ба даври ¼-ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Вохӯрии байни дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон бо ҳуҷумҳои пай дар пайи футболбозони мамалакат оғоз шуд. Шериддин Бобоев дар дақиқаи 29-ум ин бартариро бо гол ҷамъбаст кард. Ӯ партофти олии Далер Ёдгоровро бо зарбаи сар вориди дарвозаи мунтахаби Арабистони Саудӣ кард. То анҷоми нимаи авал футболбозони мо боз имконияти дигар кардани ҳисобро доштанд, аммо ба мақсад нарасиданд. Нимаи аввал бо ҳамин натиҷаи 1:0 ба нафъи дастаи мунтахаби Тоҷикистон  анҷом ёфт.

Дар нимаи дуввум бозӣ ранги дигар гирифт. Ду тағйироте, ки дар аввали қисми дуввум сармураббии дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ Холид Абдулло Муҳаммад ворид кард, тозагию дигаргуниро дар ҳунарнамоии арабҳо ба вуҷуд овард ва дар дақиқаи 65-ум Сафӣ Муҳаммад Аззақарта ҳисобро баробар кард. Ин тӯби задашуда такрори голи Шериддин Бобоевро ба ёд овард.  Ҳамин бозингар баъди  панҷ дақиқа бори дигар дарвозабони моро маҳзун карда, тими Арабистони Саудиро ба сафи пеш баровард. Дар дақиқаи 73-юм Фараҷ Абдулло Алғашён, ки дар нимаи дуввум ба майдон омада буд, голи сеюми дастаи мунтахаби Арабистони Саудиро ба номи худ сабт кард.

Ба ҳамин тартиб, бозии байни дастҳои Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон бо ҳисоби 3:1 ҷамъбаст шуд.

Дар вохӯрии дуввуми гурӯҳ дастаи мунтахаби Чин бар Малайзия бо нишондоди 2:0 ғалаба карда, барои футболбозони мо ба бозиҳои ¼-ниҳоӣ роҳ кушод.  Акнун дар бозиҳои ¼-ниҳоӣ ин дастаҳо боҳам қувва месанҷанд:

Қатар – Таиланд,  28-уми октябр

Кореяи Ҷанубӣ – Тоҷикистон, 29-уми октябр

Япония  — Индонезия- 28-уми октябр

Австралия – Арабистони Саудӣ, 29-уми октябр.

Октябрь 26, 2018 20:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд