ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бангладеш соҳиби медалҳои нуқра гардид

Октябрь 13, 2018 11:58

ДУШАНБЕ, 13.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шоми  дирӯз  дар Бангладеш  дастаи  мунтахаби Тоҷикистон дар бозии ниҳоии мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми тиллои Бангабанду аз дастаи миллии Фаластин аз рӯи силсилаи пеналти бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрд. Дастаи Тоҷикистон бо ҷоми хотиравӣ, медалҳои нуқра ва ҷ мукофоти пулӣ ба маблағи 25 ҳазор доллари ИМА мукофотонида шуд.

Тавре ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, бозии ниҳоӣ миёни дастаҳои мунтахаби  Тоҷикистон ва Фаластин  дар Варзишгоҳи миллии Бангабандуи шаҳри Дакка- пойтахти Бангладеш барпо гардид.

Бозингарони ҳарду даста дар вақти асосӣ лаҳзаҳои зиёди голзанӣ доштанд, вале аз онҳо пурсамар истифода карда натавонистанд. Зимнан, шумораи бозингарони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 36-ум як нафар кам шуд.

Сардовари бозӣ Муҳаммад Мизанур Раҳмон ба бозингари  дастаи мунтахаби  Тоҷикистон Фатҳулло Фатҳуллоев барои рафтори ғайриварзишӣ баргаи сурх нишон дод ва ӯро аз майдон хориҷ кард.

Замони асосии дидор бо ҳисоби 0:0 ба анҷом расид. Барои муайян кардани ғолиб 30 дақиқа вақти изофа (ду қисми 15-дақиқагӣ) таъйин гардид, вале он низ бе гол хотима ёфт. Ғолибро силсилаи зарбаҳои 11-метрӣ маълум намуд. Дар задани пеналти фаластиниҳо маҳорати баланд зоҳир карданд.

Ба ин тартиб, бозии ниҳоӣ аз рӯи силсилаи пеналти бо пирӯзии дастаи мунтахаби Фаластин бо ҳисоби 4:3 ба поён расид. Баъди анҷоми бозии ниҳоӣ дар вазъияти ботантана ба дастаи ғолиб Ҷоми тиллоии Бангабанду, медалҳои тилло ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 50 ҳазор доллари ИМА тақдим гардид.

Футболбозони тоҷик барои ҷойи дуюм бо ҷоми хотиравӣ, медалҳои нуқра ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 25 ҳазор доллари ИМА мукофотонида шуданд.

Кумитаи тадорукоти мусобиқа дарвозабони дастаи мунтахаби Тоҷикистон Рустам Ризоевро беҳтарин дарвозабони «Bangabandhu Gold Cup» эътироф намуда, бо ҷоиза сарфароз гардонд. Инчунин ба ҳамлагари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Комрон Турсунов, ки дар ин мусобиқа ду гол задааст, ҷоизаи беҳтарин нишонзан супурда шуд.

 

Октябрь 13, 2018 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд