ФУТБОЛ: дастаи наврасони Тоҷикистон бо Кореяи Ҷанубӣ дар нимфинал қувва месанҷад

Октябрь 2, 2018 09:09

ДУШАНБЕ, 02.10.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Дирӯз дар идомаи бозиҳои 1/4-ниҳоии Чемпионати Осиё оид ба футбол миёни наврасони то 16-сола дар Малайзия дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бар Ҳиндустон бо ҳисоби 1:0 пирӯз гардид. Ин даста акнун дар бозии нимниҳоӣ бо дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон қувва месанҷад.

Футболбозони ҳиндустонӣ, ки тақрибан дар вохӯрӣ бо дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бозии баробар нишон доданд, то лаҳзаҳои охир умедашонро аз мубориза барои унвони чемпионӣ наканда буданд. Аммо дар дақиқаи 68-ум зарбаи Ҷийонг Санг-бин дарвозабони Ҳиндустонро маҷбур кард, ки тӯбро аз дарвозааш гирад. Ин гол тақдири роҳхатро ба даври бозиҳои нимниҳоӣ ба фоидаи футболбозони Кореяи Ҷанубӣ ҳал кард.

Футболбозони Австралия низ бар дастаи мунтахаби Индонезия бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда, дар ҷуфти дуввуми бозиҳои нимниҳоӣ бо дастаи мунтахаби Япония вориди сабқат мешаванд.
Вохӯрии ½-ниҳоӣ  миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар варзишгоҳи «Петалинг Ҷая», ки барои футболбозони мо бобарор аст (Кореяи Шимолиро ба шикаст рӯ ба рӯ карданд, (1:1) 4:2), соати 17:45 ба вақти Душанбе шурӯъ мегардад.

Агар ба таърихи баргузории бозиҳои Чемпионати Осиё дар ин синн назар кунем, он шаҳодат медиҳад, ки ҳанӯз соли 2006 дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии Пӯлод Қодиров сараввал дар рақобати 1/4 -ниҳоӣ бо дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ вохӯрда, бо натиҷаи 1:0 (Ф.Восиев, 81) ғалаба кард ва дар бозии нимниҳоӣ аз дастаи Кореяи Шимолӣ (0:3) мағлуб гардид. Ин дафъа низ таърих такрор ёфт ва танҳо дастаҳо ҷой иваз кардаанд. Зайниддин Раҳимов дар ин масъала чӣ тадбир хоҳад андешид?.

Барои чемпиони Осиё шудан ду қадами дигар боқӣ мондааст. Мо ба футболбозони кишвар ва мураббиёну дастандаркорони гурӯҳ бо роҳбарии Зайниддин Раҳимов боварӣ дорем ва умед мебандем, ки онҳо боз ҳам натиҷаҳои беҳтар нишон медиҳанд.

Октябрь 2, 2018 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд