ФУТБОЛ: имрӯз дар Индонезия бозии охирину тақдирсози дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон барпо мегардад
ДУШАНБЕ, 26.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар бозии охирину тақдирсози гурӯҳи «D»-и Чемпионати Осиё-2018, ки дар Индонезия идома дорад, бо дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ қувва меозмояд. Натиҷаи мусовӣ барои футболбозони тоҷик барои ба даври бозиҳои ¼-ниҳоӣ баромадан кофӣ аст. Шарҳи шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВ.
Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар доираи бозиҳои финалии Чемпионати Осиё (U-19) бори аввал бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд. То бозии охири гурӯҳи «D», ки имрӯз бо ширкати ин дастаҳо сурат мегирад, футболбозони Арабистони Саудӣ бо ду ғалаба (Малайзия 2:1 ва Чин 1:0) ва 6 имтиёз бо таносуби тӯбҳо-3-1 (+2)дар садри ҷадвали гурӯҳ ҷойгир шудаанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо як ғалаба ва як мусовӣ (Чин 1:0 ва Малайзия 2:2) чор имтиёз дошта, бо нишондиҳандаи таносуби тӯбҳо 3:2 дар ҷои дуввум мавқеъ дорад.
Барои ба бозиҳои ¼-ниҳоӣ баромадани дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар вохӯрии охирини гурӯҳ бо дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ имрӯз ҳамагӣ як холи дигар зарур аст. Вале агар натиҷаи бозии дастаҳои мунтахаби Чин ва Малайзия бо пирӯзии чиниҳо ва ё мусовӣ анҷом ёбад, пас мо бе назардошти бозии имрӯза ба бозиҳои чорякфиналӣ роҳхат мегирем.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар сурати ғалаба бар дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ бо кадом натиҷае набошад, ба ҷои аввали гурӯҳ мебарояд. Дар бозиҳои ¼-ниҳоӣ ғолиби гурӯҳи «D» бо Австралия ва соҳиби ҷои дуввум бо Кореяи Ҷанубӣ қувва месанҷад.
Дар гурӯҳ дастаи мунтахаби Малайзия 1 имтиёз дошта, таносуби тӯбҳояш ба 3-4 (-1) баробар аст. Агар ин даста бо натиҷаи бештар аз 2 тӯб ғалаба кунад, яъне нисбати тӯбҳояш аз Тоҷикистон беҳтар шавад, (дар сурати бохти Тоҷикистон аз Арабистони Саудӣ) метавонад аз дастаи мо пеш гузарад. Аммо ин назарҳои охир ғалатанд, зеро дастаи мунтахаби Тоҷикистон новобаста ба он, ки чанд нафар бозингарони калидӣ дар ҳайаташ имрӯз бозӣ карда наметавонанд, натиҷаи мувофиқро ба даст хоҳад овард.
Даври 3
26 октябр
Арабистони Саудӣ – Тоҷикистон
Чин — Малайзия
| Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т/т | И | |
| 1 | Арабистони Саудӣ | 2 | 1 | 0 | 0 | 3-1 | 6 |
| 2 | Тоҷикистон | 2 | 1 | 1 | 0 | 3—2 | 4 |
| 3 | Малайзия | 2 | 0 | 1 | 1 | 3-4 | 1 |
| 4 | Чин | 2 | 0 | 0 | 2 | 0-2 | 0 |
Дар дигар гурӯҳҳо аллакай бозиҳои даври сеюм ба анҷом расиданд ва соҳибони ҷои аввал ва дуюм ба бозиҳои ¼-ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Гурӯҳи «А»
Даври 3
Индонезия – Амороти Мутаҳидаи Араб – 1:0
Қатар – Тайбйи Чин — 4:0
| Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т/т | И | |
| 1 | Қатар | 3 | 2 | 0 | 1 | 11—7 | 6 |
| 2 | Индонезия | 3 | 2 | 0 | 1 | 9-7 | 6 |
| 3 | АМА | 3 | 2 | 0 | 1 | 10-3 | 6 |
| 4 | Тайбэйи Чин | 2 | 0 | 0 | 3 | 2-15 | 0 |
Гурӯи «В»
Даври 3
Япония – Ироқ – 5:0
Таиланд – Кореяи Шимолӣ — 2:1
| Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т/т | И | |
| 1 | Япония | 3 | 3 | 0 | 0 | 13-3 | 9 |
| 2 | ҶХДК | 3 | 1 | 1 | 1 | 6—7 | 4 |
| 3 | Ироқ | 3 | 1 | 0 | 2 | 4-7 | 3 |
| 4 | Таиланд | 3 | 0 | 1 | 2 | 3-9 | 1 |
Гурӯҳи «С»
Даври 3
Ветнам – Кореяи Ҷанубӣ – 1:3
Австралия – Урдун — 1:1
| Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т/т | И | |
| 1 | Кореяи Ҷанубӣ | 3 | 2 | 1 | 0 | 7—3 | 7 |
| 2 | Австралия | 3 | 1 | 2 | 0 | 4—3 | 5 |
| 3 | Урдун | 3 | 1 | 1 | 1 | 4-5 | 4 |
| 4 | Ветнам | 3 | 0 | 0 | 3 | 3-7 | 0 |
Дар бозиҳои ¼-ниҳоӣ бо ҳам вомехӯранд:
Қатар – Таиланд, 28-уми октябр
Кореяи Ҷанубӣ – ҷои дуввуми гурӯҳи «D», 29-уми октябр
Япония — Индонезия- 28-уми октябр
Австралия – ҷои аввали гурӯҳи «D», 29-уми октябр.








Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд






