ФУТБОЛ: имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Индонезия бо дастаи мунтахаби ҷавонони Малайзия ба майдон мебарояд

Октябрь 23, 2018 09:20

ДУШАНБЕ, 23.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар бозии 2-юми гурӯҳи «D», дар Чемпионати Осиё-2018, ки дар Индонезия идома дорад, бо дастаи мунтахаби Малайзия қувва меозмояд. Футболбозони тоҷик баъди ғалаба бар дастаи мунтахаби Чин (1:0)  бо рӯҳияи баланд вориди ин рақобат мешаванд.  Шарҳи шореҳи варзиши АМИТ “Ховар” Аловиддин БӮРИЕВ.

Дар ин гурӯҳ ҳамчунин вохӯрии байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Арабистони Саудӣ ва Чин низ баргузор мегардад. Дар сурати ғалабаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ин дастаҳо пеш аз мӯҳлат ба бозиҳои ¼-ниҳоӣ роҳхат хоҳанд гирифт.

Ёдовар мешавем, ки даври охири мусобиқа дар гурӯҳи «D», 26-уми октябр, бо  бозии  дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ ва Чин бо Малайзия  анҷом меёбад.

Дар ҳамин росто бозиҳои даври дуввуми гурӯҳҳои «А»,«В» ва «С» хотима ёфтанд. Амороти Мутаҳидаи Араб бар Тайбейи Чин бо ҳисоби 8:1, Қатар бар Индонезия —  6:5, Кореяи Шимолӣ бар Ироқ  — 1:0, Япония бар Тайланд — 3:1, Австралия бар Ветнам —  2:1 ва Кореяи Ҷанубӣ бар Урдун бо бо ҳисоби  3:1 ғалаба карданд.

 Тартиби ҷадвали гурӯҳҳо чунин аст:

Гурӯҳи «D»

Даври 1

Тоҷикистон – Чин 1:0

Арабистони Саудӣ – Малайзия 2:1

 

   Дастаҳо Б Ғ М Б Т/т И
1 Арабистони Саудӣ 1 1 0 0 2-1 3
2 Тоҷикистон 1 1 0 0 1-0 3
3 Малайзия 1 0 0 1 1-2 0
4 Чин 1 0 0 1 0-1 0

 

Бозиҳои оянда:

Даври 2

23 октябр

14:00 – Чин – Арабистони Саудӣ

17:00 – Малайзия – Тоҷикистон

 

Даври 3

26 октябр

17:00 – Арабистони Саудӣ – Тоҷикистон

17:00 – Чин – Малайзия

 

Гурӯҳи  «А».

Даври 1

Индонезия –Тайбэйи Чин – 3:1

АМА – Қатар – 2:1

Даври 2

Тайбэйи Чин – АМА 1:8

Қатар – Индонезия –6:5

 

   Дастаҳо Б Ғ М Б Т/т И
1 АМА 2 2 0 0 10—2 6
2 Қатар 2 1 0 1 7—7 3
3 Индонезия 2 1 0 1 8-7 3
4 Тайбэйи Чин 2 0 0 2 2-11 0

 

Гурӯҳи «В».

Даври1

Япония – Кореяи Шимолӣ – 5:2

Ироқ – Тайланд – 3:3

Даври 2

Кореяи Шимолӣ –Ироқ- 1:0

Тайланд — Япония – 1:3

   Дастаҳо Б Ғ М Б Т/т И
1 Япония 2 2 0 0 8—3 6
2 Кореяи Шимолӣ 2 1 1 0 3-5 3
3 Ироқ 2 0 1 0 3-4 1
4 Тайланд 2 0 1 1 4-6 1

 

Гурӯҳи  «С».

Даври 1

Ветнам – Урдун – 1:2

Кореяи Ҷанубӣ – Австралия – 1:1

Даври 2

Австралия – Ветнам -2:1

Урдун -Кореяи Ҷанубӣ – 1:3

 

   Дастаҳо Б Ғ М Б Т/т И
1 Кореяи Ҷанубӣ 2 1 1 0 4—2 4
2 Австралия 2 1 1 0 3—2 4
3 Урдун 2 1 0 1 3-4 3
4 Ветнам 2 0 0 2 2-4 0

 

Октябрь 23, 2018 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд