Футбол: Сайёд Зайниддинов довари бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон -2018 таъин шуд
ДУШАНБЕ,26.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Довари беҳтарини соли гузаштаи мамлакат-Сайёд Зайниддинов ба ҳайси довари бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» таъин шуд. Дар ин бора сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад.
Ба Сайёд Зайниддинов Ҳамза Шоҳимардонов аз Хуросон ва Исмоил Нуралиев аз Норак кӯмак мерасонанд. Хисрави Сиддиқзод ба ҳайси довари эҳтиётӣ интихоб шудааст. Дараҷаи ин вохӯриро ба назар гирифта ФФТ Насрулло Кабировро аз Норак ва Гулмуроди Саъдуллоро аз шаҳри Душанбе ҳамчун ёварони иловагии довар аз пушти дарвоза таъин намуд. Масулияти нозири доварон дар ин вохӯрӣ ба Юсуф Ишматов ва комиссари бозӣ ба Ҷовидон Ҳасанов во гузошта шуд.
Ёдрас мешавем, ки бозии ниҳоӣ бо ширкати дастаҳои «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ», 27-уми октябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат,ки 25 000 ҷои нишаст дорад, соати 14:00 баргузор мегардад.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






