Генерал-майори милитсия ба муҳлати 28 сол аз озодӣ маҳрум гардид
ДУШАНБЕ, 29.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. 15 октябри соли равон Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятиро нисбат ба судшаванда Гадоев Файзулло Нуриллоевич, собиқ сардори Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия баррасӣ намуда, ба ӯ ҷазои ниҳоӣ- маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 28 сол бо мусодираи молу амвол ба фоидаи давлат таъйин кард.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳукми мазкур нисбат ба номбурда аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо моддаҳои 200 қисми 4 бандҳои «в, д», 262 қисми 3 банди «б», 314 қисми 3, 316 қисми 3 банди «в» ва 319 қисми 4 бандҳои «в, г» бароварда шуд.
Ба иттилоъи манбаъ, мутобиқи моддаи 51 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гадоев Ф.Н. аз рутбаи «генерал-майори милитсия» ва «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҳрум карда шуд.
«Бо Фармоиши Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи медалу нишонҳои сарисинагии Гадоев Ф.Н., ки пеш ба ӯ тақдим гардида буд, бекор карда шуданд»,-илова намуд манбаъ.








Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд






