Ходимони дини шаҳри Ваҳдат барои ҷавонон се варзишгоҳ бунёд намуданд

Октябрь 9, 2018 17:26

ВАҲДАТ, 09.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ходимони дини шаҳри Ваҳдат  дар деҳаи Шоразми Ҷамоати деҳоти Чӯянгарон   барои мусофирон истгоҳи замонавӣ ба истифода дода, панҷараҳои атрофи муассисаи таълимии рақами 35-ро пурра таъмир намуданд.  Инчунин дар деҳаи Зарафшони Ҷамоати деҳоти Карим Исмоилов  як варзишгоҳ  ва дар  кӯчаи Меҳнати  маркази шаҳр ду варзишгоҳи замонавиро мавриди баҳрабардории ҷавонон қарор доданд.

Мутахассиси бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои шаҳри Ваҳдат Саидалӣ Ҳакимзода иброз намуд, ки ходимони дини шаҳри Ваҳдат корҳои созандагӣ ва бунёдкориро аз ҳисоби худ  оғоз намуда, то имрӯз бо ҳашари умумии сокинон  зиёда аз 7 иншооти дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ба истифода дода шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, ходимони дини шаҳри Ваҳдат азм доранд, ки то  ҷашни  30-солагии Истиқлолият   дар якҷоягӣ бо сокинон корҳои созандагиро вусъат бахшида,  боз даҳҳо иншооти  дорои аҳамияти  ҷамъиятиро ба истифода диҳанд.

 

Октябрь 9, 2018 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад