Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи мушовираи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Россия баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 16.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии мушовираи вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор мегардад.
Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ҷаласаи мазкур масъалаҳо оид ба мустаҳкам намудани ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар самти ҷустуҷӯи ҷинояткорони аз тафтишот ва суд пинҳоншуда, бе ному нишоншудагон, муайян кардани шахсияти ҷасадҳои шинохтанашуда ва ғайра баррасӣ мегарданд.
Ба иттилои манбаъ, дар фарҷоми ҷаласа ҳуҷҷатҳои ҷамъбастии он ба имзо расида, барои намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ доир мегардад.
Мавриди зикр аст, ки 24 майи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Владимир Колоколтсевро, ки барои иштирок дар ҷаласаи ҳайати мушовираи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар ба Душанбе бо сафари корӣ ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни суҳбат масоили вобаста ба ҳолати вақт ва дурнамои ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Россия, ҳамчунин дигар ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати меҳмонони Вазорати корҳои доххилии Федератсия Россия аз мавзеъҳои фарҳангӣ-фароғатии «Боғи Ирам» ва манзараҳои дараи Варзоб дидан менамоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






