ФУТБОЛ: Имрӯз дар Индонезия марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2018 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонон оғоз меёбад
ДУШАНБЕ, 18.10.2018./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 18 октябр, дар Индонезия марҳилаи ниҳоии (финали) Чемпионати Осиё-2018 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола оғоз мешавад. Дар мусобиқа 16 дастаи пурқувваттарини Осиё барои 4 роҳхат бап Чемпионати ҷаҳон — 2019 талош меварзанд.
Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар гурӯҳи «D» муқобили дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ, Чин ва Малайзия рақобат хоҳад кард. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бозии аввалини худро дар доираи ин мусобиқа 20 октябр муқобили дастаи мунтахаби ҷавонони Чин мегузаронад.
Оғози ин бозӣ — соати 17.00 ба вақти Душанбе.
Чемпионати Осиё-2018 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола (U-19)
Гурӯҳи «D»
Даври 1-ум
20 октябр (шанбе)
14:00 – Арабистони Саудӣ – Малайзия
17:00 – ТОҶИКИСТОН – ЧИН
Даври 2-юм
23 октябр (сешанбе)
14:00 – Чин – Арабистони Саудӣ
17:00 – Малайзия – ТОҶИКИСТОН
Даври 3-юм
26 октябр (ҷумъа)
17:00 – Арабистони Саудӣ – ТОҶИКИСТОН
17:00 – Чин – Малайзия
Эзоҳ: оғози бозиҳо ба вақти Душанбе









Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






