Имрӯз, дар оғози бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё байни бонувон (U-19), дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Тайбейи Чин қувва месанҷад
ДУШАНБЕ, 24.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дар оғози даври аввали бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2019 байни дастаҳои мунтахаби бонувони то 19-сола дар гурӯҳи «D» дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Тайбейи Чин, соати 17:00, вориди майдон мешаванд.
Дар остонаи ин бозиҳо дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» нишасти матбуотӣ бо сармураббиёни дастаҳои мунтахаби иштирокдор, ки аз Кореяи Ҷанубӣ, Тайбейи Чин ва Бангладеш омадаанд, нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Қаноат Латифов-сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, Робин аз Тайбейи Чин, Ғулом Раббонӣ Чатан аз Бангладеш ва Ҳур Ҷен Ҷе аз Кореяи Ҷанубӣ ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб гуфта, омода будани дастаҳоро ба ин мусобиқаи бонуфузи осиёӣ баён доштанд.
Имрӯз, ҳамчунин бозии байни дастаҳои мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ ва Бангладеш, соати 14:00 шурӯъ мегардад.
Тақвими бозиҳо чунин аст:
Даври 1
24 октябр
14:00 – Кореяи Ҷанубӣ – Бангладеш
17:00 – Тайбэйи Чин – ТОҶИКИСТОН
Даври 2
26 октябр
14:00 – Бангладеш –Тайбэйи Чин
17:00 – ТОҶИКИСТОН –Кореяи Ҷанубӣ
Даври 3
28 октябр
14:00 – Кореяи Ҷанубӣ –Тайбэйи Чин
17:00 – ТОҶИКИСТОН – Бангладеш.















Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






