Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозӣ мекунад

Октябрь 4, 2018 09:20

ДУШАНБЕ, 04.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Чемпионати Осиё оид ба футбол миёни наврасони то 16-сола дар Малайзия дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар вохӯрии нимниҳоӣ бо дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ вориди сабқат мешавад. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Петалинг-Ҷая”, соати 17:45 бо вақти Душанбе оғоз меёбад. Тавре дирӯз муайян гардид, футболбозони тоҷик дар ин вохӯрӣ бо пироҳанҳои рангаш сурх ба майдон меоянд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба ҳайси мизбони ин дидор дар интихоби ранги либос бартарӣ дошт ва ранги сурхро интихоб кардан чунин маънидод мешавад, ки дар вохӯриҳои пешина бо дастаи мунтахаби Таиланд (2:1) ва Кореяи Шимолӣ (1:1, 4:2-аз зарбаҳои пеналтии баъдибозӣ) маҳз бо  ҳамин ранг ба ғалаба комёб гардидааст.

Кореяи Ҷанубӣ дар бозии ½ -ниҳоӣ бо пироҳанҳои рангашон сафед вориди сабқат мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи наврасони Тоҷикистон дар баробари дастаҳои мунтахаби Япония, Австралия ва Кореяи Ҷанубӣ барои иштирок дар бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон -2019, ки дар Перу баргузор мегарданд, роҳхат ба даст овард.

Дар бозии дуюми нимниҳоӣ дастаҳои мунтахаби Япония ва Австралия бо ҳам қувва меозмоянд. Мо ба футболбозони навраси мамлакат дар ин бозии пурмасъулият барору комёбӣ хоҳонем.

 

Октябрь 4, 2018 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд