Имрӯз вохӯрии нахустини дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар Бангладеш сурат мегирад

Октябрь 2, 2018 11:55

ДУШАНБЕ,02.10.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон аввалин бозии худро дар доираи мусобиқаи байналмилалии «Bangabandhu Gold Cup», ки дар кишвари Бангладеш ҷараён дорад, бо дастаи мунтахаби Непал анҷом медиҳад. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Силҳет Дистирикт Стедиум» соати 18:30 ба вақти маҳаллӣ оғоз хоҳад ёфт.

Дирӯз дар аввалин вохӯрии гурӯҳи «Б» дастаи мунтахаби Бангладеш бар Лаос бо натиҷаи 1:0 ғалаба кард. Ягона голи Пасеус дар дақиқаи 60-ум натиҷаовар гардид.

Алишер Тухтаев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба ин мусобиқа 24 футболбоз аз ҷумла – 2 дарвозабон, 9 дифоъгар, 9 ниммуҳофизатгар ва 4 ҳамлагарро даъват намудааст. Аз сабаби иштироки дастаи мунтахаби ҷавонони мамлакат (U-19) дар марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё-2019 Тӯхтаев  аз ҳайати ҷавонон ба дастаи миллӣ ягон нафарро ҷалб накардааст.

Ҳайати васеи дастаи миллии Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Рустам Ризоев («Регар-ТадАЗ»), Беҳрӯз Хайриев («Истиқлол»);

Ҳимоятгарон: Манучеҳр Ахмедов, Хуршед Бекназаров (ҳарду – «Хуҷанд»), Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷурабоев, Табрези Давлатмир («Истиқлол»), Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Қаландаров, («Регар-ТадАЗ»),

Ниммуҳофизатгарон: Фатҳулло Фатҳуллоев, Нозим Бобоҷонов, Муҳаммаҷон Раҳимов, Шаҳром Сулаймонов (ҳама аз «Истиқлол»), Доробҷон Эргашев, Комрони Мирзонаҷот, Муҳсинҷон Абдуғаффоров (ҳама аз КМВА «Помир»), Ҳикматулло Расулов («Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Ҷаҳонгир Эргашев, Дилшод Бозоров (ҳарду – «Хуҷанд»), Комрон Турсунов («Истиқлол»).

Футболбозони мо дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби  Фаластин ва Непал қувва месанҷанд.

Гурӯҳи «В» дастаҳои Филиппин, Бангладеш ва  Лаосро ба ҳам овардааст.

Мусобиқаи «Ҷоми тиллоии Баҳандбандҳу» аз 1 то 12 октябри соли 2018 идома меёбад. Он аз ҷониби Федератсияи футболи кишвари Бангладеш таъсис дода шудааст ва маротиба 6-ум гузаронида мешавад. Бори аввал дар мусобиқаи имсола дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Фаластин, Филиппин ва Лаос ширкат меварзанд.

Бангладеш соли 2015 ва Непал соли 2016 ғолибони ин мусобиқаи байналмилалӣ гардиданд.

Октябрь 2, 2018 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон дар семинари доварони элитаи КФО дар Тошканд иштирок намуданд
Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар семинар барои комиссарони нави бозиҳои CAFA иштирок карданд
ФУТБОЛ. Пагоҳ бозиҳои даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мегардад
Варзишгари ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнону румӣ соҳиби медали нуқра гардид
Варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзишии Тоҷикистон 278 медал ворид намуданд
Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии теннис соҳиби ду медали тилло шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд
Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад