Ҳисор мизбони марҳилаи интихобии мусобиқаи бонувон ба Бозиҳои олимпӣ-2020 интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 31.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябри соли равон дар шаҳри Ҳисор марҳилаи аввали интихобии мусобиқаи футболи бонувон ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 дар гурӯҳи «А» шурӯъ мешавад.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар мусобиқа, ки то 13 ноябр идома меёбад, дастаҳои мунтахаби бонувони Тоҷикистон, Филиппин, Тайбейи Чин, Сингапур ва Муғулистон ширкат мекунанд.
Бояд зикр кард, ки дар марҳилаи аввали интихобии мусобиқаи футболи бонувон ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 16 даста ба майдон мебароянд, ки ба чор гурӯҳ тақсим шудаанд. Ба гурӯҳи «В» дастаҳои мунтахаби бонувони Эрон, Гонгкок, Лубнон ворид гардидаанд.
Гурӯҳи «С» аз дастаҳои мунтахаби Мянма, Ҳиндустон, Непал, Бангладеш ва гурӯҳи «D» аз дастаҳои мунтахаби Урдун Индонезия, Фаластин ва Молдив иборатанд.
Баъд аз натиҷагирии марҳилаи аввал ғолибон ва дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷои дуюмро ишғол кардаанд, ҳамчунин ду дастаи ҷои сеюми гурӯҳҳо, ки натиҷаи хуб нишон медиҳанд (дар умум 10 даста) ба марҳилаи дуюм роҳхат мегиранд ва ба дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва Ветнам мепайванданд.
Ёдовар мешавем, ки марҳилаи дуюми интихобии мусобиқаи футболи бонувон ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 бо иштироки 12 даста дар се гурӯҳ аз 1 то 9 апрели соли оянда доир мегардад.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






