Ғизоҳои халқҳои Осиёи Марказӣ ба ҳам монанданд, вале қурутоби аслӣ ва хушмаззаро танҳо тоҷикон метавонанд таҳия кунанд. 20 октябр — Рӯзи байналмилалии ошпаз

Октябрь 20, 2018 12:03

ДУШАНБЕ, 20.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ошпазони ҷаҳон иди касбии худро таҷлил менамоянд. Маҳз 14 сол қабл, соли 2004 Ассотсиатсияи байналмилалии ҷамъияти ошпазон, ки  8 миллион намояндагони ин касбро аз мамлакатҳои мухталифи олам муттаҳид менамояд, ин идро эълон намуд. Ҳоло Рӯзи байналмилалии ошпаз дар зиёда аз 100 мамлакати ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.

Ошпазӣ яке аз касбҳои меҳнатталаб ба ҳисоб меравад. Ниёгони мо,  тоҷикон бар он назаранд, ки оши палав хӯроки анъанавӣ буда, дар байни халқамон маҳбубияти хос дорад. Ба ин хотир онро «маҳбубтарин хӯрок» ва бештар аз ҳама «шоҳи таомҳо» меноманд.

«Одатан ҷашну маросим ва нишастҳои тоҷикон бе оши палав намегузарад. Вақте ки ба хонаи мо меҳмон меояд, мизбон муваззаф мешавад, ки баҳри иззати ӯ оши палав пазад», — омадааст дар китоби «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон».

Маъмулан барои пухтани оши палав сабзӣ, биринҷ, гӯшт, равған, пиёз ва обу намак истифода мекунанд. Инчунин мувофиқи табъ ва хоҳиш ба он нахӯд, зира, заъфарон, сирпиёз, биҳӣ, мурч, зелол, лиму ва дигар давоҳои хуштамъкунанда илова карда мешаванд.

Оши палавро дар хонаҳо бештар бонувон ва дар баъзе ҳолатҳо мардҳо мепазанд. Аммо дар маъракаҳои мардумӣ ва маросимҳо танҳо мардон ин корро анҷом медиҳанд. Зеро дар дегҳои калон пухтани оши палав неруи ҷисмонии бештарро талаб дорад.

«Пухтани оши палав назар ба дигар таомҳо заҳмати бештар талаб мекунад, зеро он бисёр нозукиҳои худро дорад. Шахс ҳамеша кӯшиш мекунад, то оши пухтааш на мулоим ё сахт, балки писанди худаш бошад. Вақте ки ба худи ӯ писанд омад, ҳатман ба дигарон низ мақбул мешавад»,- зикр намуд дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» Муслим  ном ҷавоне, ки чандин сол боз ба ошпазӣ машғул аст.

Ӯ бар он назар аст, ки ҳар нафаре, ки ба пухтани оши палав ва ё дигар намуди хӯрок оғоз мекунад, бояд бо меҳр ба он пардозад. «Дар ин ҳолат хӯроки омоданамудаи ӯ писанди ҳамагон мегардад»,-илова намуд Муслим.

Мутафаккир ва табиби барҷастаи тоҷику форс Абӯалӣ Ибни Сино ба он ақида аст, ки хӯрокҳои биринҷӣ умри инсонро дароз мекунанд. Мутмаинан бояд гуфт, ки оши палав дар сархати ин хӯрокҳо қарор дорад.

Таомҳои миллии тоҷикон таърихи куҳан дошта,   дар тӯли ҳазорсолаҳо  дар масири қарнҳо ташаккул ёфтаанд. Хӯрокҳои миллии тоҷикон бо гуногунии худ, ки навъҳои мухталиф –хамирӣ, гӯштӣ, ширӣ, сабзавотӣ ва ғайраро дар бар мегиранд, аз ҳамдигар тафовут доранд.

Ин аст, ки ки соли 2016 дар ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ номинатсияи «Оши палав»-и тоҷикон дар қатори беҳтарин намунаҳои фарҳанги ғайримоддии ҷаҳонӣ сабти ном гардид.

Таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таомҳои миллии тоҷикӣ чун оши палав хеле зиёд мебошад. Дар тамоми мамлакатҳои олам мавҷуд будани ошхонаҳои миллии тоҷикон далели ин гуфтаҳост.

Машҳуртарин барномаи фарҳангӣ — фароғатӣ ва сайёҳии «Орёл и решка», ки дар телевизионҳои «Интер», «К1» (Украина), «Пятница» (Россия), «Седмой канал» (Қазоқистон), «ТТV» (Полша), «Беларус2» (Беларус) ва «3+» (Эстония) пахш карда мешавад, 20 августи соли равон барномаи навбатии худро манзури тамошобинон гардонид, ки он ба Тоҷикистон бахшида шуда буд.

Ровиёни барнома Настя Ивлеева ва Антон Птушкин ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон сафар карда, аз мавзеъҳои таърихӣ, сайёҳӣ ва фарҳании он дидан намуданд.

Настя ба яке аз тарабхонаҳои маркази шаҳри Душанбе — пойтахти Тоҷикистон рафта, кулча, самбӯса, салати сабзавот, шӯрбо бо гӯшти гӯсфанд ва албатта, «шоҳи таомҳо»- оши палавро истеъмол мекунад ва аз он ҳаловат мебарад.

Ғайр аз оши палов, ки хӯроки миллии тоҷикон ба ҳисоб меравад, ба дигар навъҳои таомҳои халқи мо таваҷҷуҳ бештар шуда истодааст. 21 июни соли равон яке аз рӯзномаҳои маъруфи  ҷаҳон  «The New York Times», ки ҳар рӯз бо теъдоди беш аз 1 миллион адад чоп ва дар саросари олам паҳн карда мешавад, бо нашри 8 акс аз қаҳвахонаи «Душанбе» дар Шипҳед Бей, воқеъ  дар минтақаи Бруклини Ню-Йорк тарзи тайёр кардани таомҳои миллии тоҷикӣ, аз ҷумла, қурутобро шарҳ дода,  мутазаккир шудааст, ки ошпазҳои ин қаҳвахона ба решаҳои миллии худ содиқ мондаанд. Муаллиф нигоштааст, ки бештари  ғизоҳои халқҳои Осиёи Марказӣ ба ҳам монанданд, вале қурутоби аслӣ ва хушмаззаро танҳо тоҷикон метавонанд таҳия кунанд.

Дар матлаби мазкур ки таҳти унвони «Сарошпази қаҳвахонаи «Душанбе» ба решаҳои тоҷикиаш содиқ мондааст»  менависад: «Халқҳои Осиёи Марказӣ ғизоҳои муштараки зиёд доранд, вале якеаш хоси фақат ва фақат Тоҷикистон аст. Ва қаҳвахонаи «Душанбе» дар Шипҳед Бей дар минтақаи Бруклини Ню-Йорк (Sheepshead Bay, Brooklyn) танҳо маконест дар Ню-Йорк, ки ин ғизоро ба муштариён пешниҳод мекунад».

Албатта,  Лигайя Мишан  қурутобро дар назар дорад, ки дӯстдоронаш дар Амрико торафт бештар мешаванд. Ӯ дар идома тарзи таҳияи қурутоби тоҷикиро шарҳ дода менависад, ки он аз фатиру қурут ва зирбаки пиёз омода карда шуда, сабзавоти тару тоза, бахусус помидору бодиринг ин таомро  боз ҳам хушхӯртар мекунанд.

«The New York Times» меафзояд, ки дар Душанбе- пойтахти Тоҷикистон аксаран қурутобро дар рӯи кӯрпача нишаста, бо даст мехӯранд. Дар қаҳвахонаи «Душанбе» дар  Бруклин низ чунин мекунанд,  вале барои тановули қурутоб ва ғизоҳои дигар мизу курсӣ ва корду чангаку қошуқ низ гузоштаанд. Вале муҳити қаҳвахона дар ҷои дигар аст ва гӯё тавассути манорааш печутоб хӯрда,  сар ба сӯи фалак мекунад»,— менависад муаллиф.

Фариштамоҳ Ашӯрова ном зане, ки дар омодакунии қурутобу шакароб ва пухтани нонҳои болаззати тоҷикӣ дар мамлакат шуҳрати зиёд дорад, мегӯяд, касби пухтупазро аз модари худ омӯхтааст.

«Ман дар хурдӣ медидам, ки модарам чӣ гуна хӯрок ва нон мепазанд. Бо гузашти вақт ин корро аз худ кардам ва 34 сол мешавад, ки бо он машғул ҳастам. Аввалҳо дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба нонпазиву омода кардани қурутоб ва шакароб машғул будам. Вақте ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин шаҳр сафар карда, ҳунари пухтупазамро диданд, бо тавсия ва дастгирии бевоситаи он кас ба шаҳри Душанбе омадам. 8 сол мешавад, ки дар пойтахти мамлакат ба ин кор машғул ҳастам»,- зикр намуд  Фариштамоҳ дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар».

Бояд гуфт, ки моҳи июли соли равон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади  иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати фароҳам овардани шароити хуби корӣ ва  мусоидати ҳамаҷониба ба ҳунармандон, бахусус кадбонуҳои чирадаст бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маркази шаҳри Душанбе, дар буриши кӯчаҳои Мирзо Турсунзода ва Бухоро нонпазхонаи нави  замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ  қарор гирифт, ки ҳоло Фариштамоҳ Ашӯрова бо шарикони худ дар онҷо ҳам қурутобу шакароб омода мекунад ва ҳам нону чаппотӣ мепазад.

Мизоҷон ба маҳсулоти омоданамудаи ҳунарманд Фариштамоҳ Ашӯрова баҳои баланд дода, ҳамарӯза дар назди коргоҳи ӯ барои истеъмол намудани таомҳои омоданамуда ва нони пухтааш мардум ба навбат меистанд ва аз истеъмоли он лаззат мебаранд.

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 20, 2018 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Файзобод мумфарш карда шуд
Аёдати беморон ва дидорбинии собиқадорон амали хайр аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
То соли 2100 яхҳои Антарктида метавонанд чоряк ҳисса коҳиш ёбанд