КӢ МОШИНИ «ТИКО»-РО БА ЯҒМО БУРД? Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад…

Октябрь 2, 2018 13:35

ДУШАНБЕ, 02.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои дуздиву авбошӣ, қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳои содирнамудаи баъзе шаҳрвандон ҳамарӯза хабар медиҳад. Ин ҳолатҳо новобаста аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва хизмати шабонарӯзии кормандони милитсия аз сабаби ноогоҳӣ, надоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва нодида гирифтани талаботи қонун аз ҷониби гумонбарон рух медиҳад. Инак, чанде аз  ин гуна хабарҳоро  бо мақсади ҳушдор ва пешгирии чунин ҳолатҳо   ба хонандагон   пешниҳод мекунем.

Ғайриқонунӣ  бурдани мошини тамғаи «Тико»

Ба шуъбаи ВКД дар шаҳри Турсунзода марди 57-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 30 сентябри соли 2018, тахминан соати 20:00, шахси номаълум аз назди хонаи  истиқоматиаш мошини шахсиаш тамғаи «Тико»ро ғайриқонунӣ ронда бурдааст.

Бо доир намудани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҷавонписари 17-солаи сокини деҳаи Ҳамадонии шаҳри Турсунзодаро бо гумони ғайриқонунӣ ба ин кор даст задан дастгир намуданд.

Садамаҳои нақлиётӣ бо оқибатҳои нохуш

1 октябри соли 2018, соати 16:20, ронандаи мошини тамғаи«Опел-Астра» Сайҷалолов Бобоҷон Фатҳуддинович, соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи Хиштироки ноҳияи Нуробод, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш дар ҳудуди деҳаи Хумдон аз уҳдаи идораи мошин набаромада, пиёдагарди хурдсол Яхшиев Убайдулло Маҳмадалиевич, соли таваллудаш 2009, хонандаи синфи 5 МТМУ, сокини деҳаи Дарбандро пахшкардааст.

Дар натиҷа пиёдагарди хурдсол У.М. Яхшиев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

 Ҳалокати велосипедрон дар садама

30 сентябри соли 2018, тахминан соати 20:30, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Вектра», Умаров Шуҳратҷон  Абдуллоҷонович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Зарзамин-Ғафуров»  бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста,  велосипедрон Ҳайдаров Умаралӣ, соли таваллудаш 1949, сокини маҳаллаи Шухаки ноҳияи мазкурро пахш намудааст.

Дар натиҷа велосипедрон Ҳайдаров У. аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ошкор шудани куштори зани 61-сола

Ба шуъбаи 1- ВКД дар ноҳияи Сино марди 30-солаи сокини кӯчаи  Н.Ҳувайдуллоеви пойтахт муроҷиат намудааст, ки 1 октябри соли 2018, тахминан соатҳои 02:30, шахсони номаълум вориди хонаи истиқоматиашон шуда, модараш, зани 61-сола, зодаи ноҳияи Ванҷ, сокини кӯчаи Н.Ҳувайдуллоевро зери лату кӯб қарор дода, бо олоти халандаю буранда 3 маротиба ба қисми чапи гарданаш задаанд.

Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 74-солаи зодаи ноҳияи Ванҷ, сокини кӯчаи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.

Боздошти дузди манзили сокинон

Ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов бо ариза зани 48-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 21 сентябри соли 2018, тахминан соати 09:30, шахсони номаълум вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 5 ҳазор сомонӣ, 5 ҳазор рубли Федератсияи Россия ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро ба маблағи 9 ҳазору 750 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 23-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуд.

Зимни гузаронидани тафтишот муайян карда шуд, ки номбурда дар якчанд ҳолати дуздӣ даст дошта, аз манзили сокинон маблағ ва молу ашёи онҳоро дуздӣ менамудааст.

Айни замон номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, аз рӯи ин ҳодиса корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз рӯи ҳамаи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 

Октябрь 2, 2018 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Чӣ тавр тарофаро дар якчанд дақиқа метавон фаъол кард?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
50 ҳазор аҳолии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо оби тозаю безарари нӯшокӣ таъмин мегарданд
Ба Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҷҳизоти нави озмоишӣ дастрас карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали байналмилалии «Шилингел» дар Олмон намоиш дода шуд
Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
«КИТОБХОНА — КОХИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиши дӯстдорони китоб доир шуд
Дар шаҳри Панҷакент пойгоҳҳои обкашӣ барқарор карда мешаванд
Доир ба нақши забони давлатӣ дар таҳкими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Рӯзи забони давлатӣ дар Суди Олии иқтисодӣ ботантана таҷлил карда шуд