Кормандони Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон соҳиби бинои дуошёна гардиданд
ХОРУҒ, 2.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон, ки солҳо боз дар бинои корхонаи истеҳсоли орд ҳамчун иҷоранишин фаъолият мекарданд, имрўз соҳиби иморати зебою замонавии дуошёна гардиданд.
Дар маросими мавриди истифода қарор додани бинои Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, инчунин собиқадорону бошандагони ҷамоат иштирок намуданд.
Бинои мазкур бо харҷи 2 миллиону 613 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷавӣ сохта шудааст. Ноҳияи Шуғнон яке аз калонтарин ноҳияҳои ин вилоят дониста шуда, шумораи аҳолии он 40 ҳазору 195 нафарро ташкил медиҳад. Он дорои ҳафт ҷамоати деҳот аст, ки бошандагонаш аслан ба боғдорию чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ машғуланд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи декабри соли 2017 оғоз гардида, аз ҷониби бинокорони соҳибтаҷрибаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мунис-97» дар як муддати кўтоҳ ва бо сифати баланд ба анҷом расонда шуданд. Бино аз 10 ҳуҷраи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат буда, 11 нафар кормандони Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон дар чунин шароити сатҳи баланд минбаъд ба мардуми ҷамоат хизмат меравонанд.
Зимни шиносо намудани ҳайати меҳмонон бо шароити бинои маъмурии нав масъулин онро туҳфаи арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми сокинони ҷамоати мазкур арзёбӣ намуданд.
Дар ошёнаи якум ва дуюми бино барои фаъолияти самарабахши кормандони ҷамоат ҳуҷраҳои барҳавои корӣ бо мизу курсӣ, ҷевон ва технологияи компютерӣ таҷҳизонида шудаанд, ки чунин шароитро кормандони ҷамоати деҳот солҳо боз интизор буданд.
Иншоот бо низоми марказонидашудаи гармидиҳии мустақил, ки тавассути ангиштсанг ва неруи барқ фаъолият мекунад, таъмин мебошад. Дар ҳар як утоқи корӣ дастгоҳҳои худкори огоҳкунанда аз сӯхтор насб шудаанд. Бино дар майдони 225 метри мураббаъ қомат афрохта, дорои маҷлисгоҳ барои 100 ҷойи нишаст мебошад, ки кормандони ҷамоати мазкур метавонанд дар он ҳама гуна чорабинҳоро баргузор намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷамоати деҳоти Сучон дорои 8 ҳазору 680 нафар аҳолӣ, 1 ҳазору 560 хоҷагӣ ва 14 русто мебошад.








Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад






