Лигаи футболи Тоҷикистон ба қатори унвонҷӯёни «Лигаи аз ҳама рушдкунандаи футбол»-и Осиё дохил шуд

Октябрь 16, 2018 09:00

ДУШАНБЕ, 16.10.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Лигаи футболи Тоҷикистон ба қатори унвонҷӯёни «Лигаи аз ҳама рушдкунандаи футбол» дар Осиё дохил шуд. Дар ин бора сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад.

Ғолиби «Лигаи аз ҳама рушдкунандаи футбол»–ро  Конфедератсияи футболи Осиё  рӯзҳои 19-20 ноябри соли 2018  дар конференсияи саноати варзиш, ки дар шаҳри Бангкоки Таиланд баргузор мегардад, эълон хоҳад кард. Дар қатори муддаиёни ин ҷоиза ба ғайр аз Лигаи футболи Тоҷикистон, инчунин Лигаи футболи кишварҳои Ҳиндустон, Индонезия, Урдун, Сингапур, Ветнам, Бутан, Гуам, Қирғизистон ва Филиппин шомиланд.

Лигаи футболи давлатҳои Австралия, Чин, Эрон, Япония, Кореяи Ҷанубӣ, Қатар, Арабистони Саудӣ, Таиланд, Ӯзбекистон ва  Амороти Мутаҳидаи Араб барои ҷоизаи “Илҳомбахштарин Лигаи футбол” дар Осиё мубориза мебаранд.

Муддаиён аз рӯи 11 дараҷа санҷида мешаванд: идора ва роҳбарӣ, натиҷаҳои молиявӣ, мусобиқа, маркетинг ва таблиғот, ВАО, иртибот ва ғайра.

Дар ҳар ду дараҷа барои иштирок дар конференсияи мазкур, ки дар шаҳри Бангкоки Таиланд баргузор мегардад, се номзадӣ даъват карда мешаванд.

Октябрь 16, 2018 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд