Мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазири Муғулистон Улзийсахан Энхтувшин
ДУШАНБЕ, 11.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазири Муғулистон Улзийсахан Энхтувшин, ки барои иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Шўрои Сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ба Душанбе ташриф овардааст, мулоқот намуд.
Тавре таъкид гардид, дар Тоҷикистон ба рушду густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Муғулистон, аз ҷумла дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад.
Ҷонибҳо зимни суҳбат барои таҳкими ҳамкориҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Муғулистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, кишоварзӣ, гидроэнергетика, маориф, фарҳанг ва туризм изҳори омодагӣ намуданд.
Хотиррасон мешавем, ки дар кори ҷаласаи навбатии Шўрои Сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ҳайати расмии Муғулистон ҳамчун намояндагони кишвари нозир дар Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок менамоянд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






