Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе» доир мегардад
ДУШАНБЕ, 8.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 то 20 октябри соли равон дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар намоишгоҳ иштироки муаллифони асарҳо, ба тамошо ва фурӯш гузоштани маводи чопӣ дар мавзӯъҳои гуногун, китобҳои электронӣ, ҳамчунин намоиши дигар намуди маҳсулоти полиграфӣ, конфронси илмӣ-амалӣ, маҳфили шеъру суруд, муаррифии китобҳои тозанашр, барномаи консертӣ, суҳбатҳо ва мубодилаи афкор пешбинӣ шудааст.
Ширкатҳои табъу нашри ватаниву хориҷӣ маводи чопию таҷҳизоти полиграфии хешро ба ин намоишгоҳ пешниҳод менамоянд.
Мақсад аз баргузории Намоишгоҳи ҳаштуми байналмилалии «Китоби Душанбе» ба маъраз гузоштани комёбиҳо ва дастовардҳои соҳаи табъу нашри миллӣ дар даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин тарғибу ташвиқи мероси адабии мардуми тоҷик ва шиносоӣ бо адабиёти ҷаҳон, омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонии соҳаи табъу нашри китоб, истифодаи таҷҳизоти муосири полиграфӣ ва дигар маводи чопӣ мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






