Намояндагони Тоҷикистону Америка масъалаҳои мубориза бо терроризм ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 15.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Полиси Метрополитени шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Америка масъалаҳои мубориза бо терроризм ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро баррасӣ намуданд.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, афзуданд, ки баррасии масъалаҳои мазкур зимни боздид ва шиносоии гурӯҳи кории вазорат бо фаъолияти Полиси Метрополитени шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Америка сурат гирифт.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот роҳбари Полиси Метрополитени шаҳри Вашингтон аз фаъолияти он ба намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ маълумот дод.
«Дар ҷараёни боздид гурӯҳи кории вазорат бо кори камераҳои мушоҳидавии шаҳри Вашингтон, нақш ва фаъолияти онҳо дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва қоидаи ҳаракат дар роҳ аз наздик шинос гардид»,-илова намуд манбаъ.
Бояд гуфт, ки ба гурӯҳи кории ВКД сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ, генерал-майори милитсия Суҳроб Рамазонзода, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД, генерал-майори милитсия Фарҳод Шодмонзода ва дигарон шомил мебошанд.
Мақсад аз сафари онҳо шиносоӣ бо фаъолияти полиси ИМА ва омӯхтани таҷрибаи он дар ҳамаи самтҳои фаъолият, аз ҷумла, тарзи кори полиси сайёҳӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ аз аввали моҳи октябр то имрӯз дар чандин ҳамоишу мулоқот оид ба мубориза бо терроризму экстремизм, ислоҳоти милитсия, пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ иштирок намуданд.
Сафари кории гурӯҳ 18 октябр ба анҷом мерасад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






