Натиҷаи амалиёти «Тартибот» дар Бадахшон: 1800 ронанда барои вайрон кардани қоидаи ҳаракати роҳ боздошт ва 400 мошин баъди ташхиси техникӣ ба қайд гирифта шуд

Октябрь 12, 2018 16:23

ХОРУҒ, 12.10.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Ҷиҳати ба танзим даровардани ҳаракати наклиёт дар роҳҳои мошингарди маркази Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар баробари баргузории санҷишҳо, инчунин корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ бо ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва  сокинони шахри Хоруғ ба роҳ монда шуданд. Ин корҳо баъди мулоқоти Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилоят, ки 16 сентябри соли равон  баргузор гардид,  роҳандозӣ гардиданд.

Пешвои миллат дар ин мулоқот, аз ҷумла зикр карданд, ки «вазъи риояи қонуният, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор тақозо мекунад, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳо, аз ҷумла тавассути вусъат бахшидани корҳои пешгирикунанда ва фаҳмондадиҳиву тарбиявӣ тадбирҳои ҷиддӣ андешида шаванд».

Дар робита ба ин кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон  дар ҳамкорӣ  бо  намояндагони  дигар мақомоти дахлдор дар шаҳру навоҳии вилоят чорабиниҳои мақсаднокро пурзўр намуданд.

Сардори шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Бахтиёр Вайсзода изҳор намуд, ки  аз 16 сентябр то 5 октябри соли равон  зимни амалиёти «Тартибот»  онҳо дар ин самт ба  натиҷаҳои  назаррас  ноил гардиданд. Ҳама гуна нақлиёти сиёҳшишае, ки бе иҷозатнома дар роҳҳои автомобилгарди ҳудуди вилоят ғайриқонунӣ ҳаракат менамуданд, боздошт ва нисбаташон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд. Дар ин муддат аз ҷониби нозирон зимни амалиёти муштарак 1 ҳазору 800  далели дағалона вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор гардид. Айни замон бо мусоидати ниҳодҳои мазкур рафту омади нақлиёт дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ ба низоми муайян даромада, ҳаракати нақлиёт муътадил мебошад.

Ба гуфти корманди шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии вилоят Қудратулло Меҳтоҷзода,  аз 16 сентябр  то  ба имрўз  нозирони роҳ 25  мошини сиёҳшиша ва хиракардаи ғайриқонуниро боздошт карданд. Зимни гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок 90 нафар ронандагони воситаҳои нақлиёт барои гирифтани  иҷозатнома барои идораи воситаи нақлиёт бо оинаҳои сиёҳ ба шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии вилоят расман муроҷиат намуданд. Аз ин ҳисоб 235 ҳазору 700 сомонӣ   ба буҷаи давлат ворид гардид.

Ба ин монанд нисбат ба 212 нафар ронанда, ки одитарин қоидаи ҳаракат дар роҳро риоя намекарданд, ҷазои ҷарима татбиқ карда шуд. Аз онҳо ба миқдори беш аз  106 ҳазору 600 сомонӣ маблағ  ситонида шуд.

Натиҷаи заҳмати шабонарўзии кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон буд, ки дар як муддати кўтоҳ 400 нафар шаҳрвандон мошинҳои худро аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ  гузаронида, ба қайди давлатӣ  гузоштанд. Маблағи умумии он 152 ҳазору 768 сомониро ташкил  медиҳад. Ба  85 воситаи нақлиёт рақами қайди давлатии намунаи нав дода шуд.

Шамсиддин Назришоев, мутахассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ташхиси техникии автомошинаҳо» дар вилоят иброз намуд, ки ин  теъдод дар муқоиса ба ҳафтаҳои дигар 7 маротиба зиёд шудааст.

Мавриди зикр аст, ки маркази «Ташхиси техникии  автомошинаҳо» дар вилоят  аз соли 2010 фаъолият дошта, барои ташхиси ҳатмии техникӣ тамоми шароити сатҳи баланд фароҳам оварда шудааст.

Дар ин рўзҳо шуъбачаи бақайдгирии имтиҳоноти шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ  серодам мебошад. Ҳамарўза дар ин ҷо теъдоди зиёди ронандагони воситаҳои нақлиёт баҳри иваз кардани шаҳодатномаи ронандагии кӯҳна ҳозир мешаванд.

Дар як моҳи охир ба ин шуъбача 200 нафар шаҳрвандони вилоят муроҷиат карда, сохиби шаҳодатномаи нави ронандагӣ гардиданд, ки маблағи умумии он 57 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.

Фаъолияти  пурсамари кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аз 16 сентябр то 5 октябри соли 2018 имкон дод, ки дар маҷмӯъ 766   ҳазору 930 сомонӣ ба буҷаи давлат ворид карда шавад.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ ва амалиёти «Тартибот»  дар маркази маъмурии вилоят-шаҳри Хоруғ ҳамарӯза дар чор самт идома дошта, чунин  вазъ дар  маркази дигар навоҳии вилоят низ ҷараён дорад.

Файз МИРАСАН,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 12, 2018 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад