Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
ДУШАНБЕ, 22.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Азбаски мо имсол ҷашни фархундаи Наврӯзро дар давраи омодагӣ ба ҷашни муқаддас ва бузурги 35-солагии истиқлоли давлатӣ таҷлил менамоем, бояд дучанд кор кунем, заҳмат кашем, давлати соҳибихтиёрамонро неруманду пешрафта гардонем ва сатҳу сифати зиндагии мардумамонро боз ҳам баланд бардорем. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 март дар паёми шодбошӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе таъкид намуданд.
«Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад, — тазаккур доданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. — Дар ин муддат мо – тоҷикон худро ҳамчун миллати соҳибтамаддуну фарҳангӣ, соҳибкитобу соҳибдевон ва давлатдору ободгар дигарбора эҳё кардем ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудем».
Сарвари давлат бо эътимоди комил изҳор намуданд, ки мо бо ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сабру таҳаммул, заҳмати софдилона ва иродаи қавӣ нақшаҳои созандаи худро ҳатман амалӣ месозем, ба ҳадафҳои стратегии миллиамон ноил мегардем ва Тоҷикистони азизамонро ба кишвари боз ҳам ободу пешрафта ва пойтахти он шаҳри Душанберо ба ойинаи ҳақиқии давлати тоҷикон табдил медиҳем.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






