НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН БА АРГЕНТИНА, БА ДИДОРИ ПАЛАНГ ПАНДИ МЕРАВАНД! Онҳо дар Бозиҳои сеюми олимпии наврасон дар Буэнос-Айрес ширкат хоҳанд намуд

Октябрь 4, 2018 15:55

ДУШАНБЕ, 04.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Се нафар варзишгарони навраси тоҷик дар Олимпиадаи сеюми наврасон, ки дар шаҳри Буэнос-Айреси Аргентина баргузор мегардад, ширкат менамоянд. Ба ҳайати варзишгарон Сулаймони Ҷамшед (дзюдо), Бежан Файзуллоев (тирандозӣ), Анастасия Тюрина (шиноварӣ) бо гурӯҳи мураббиён дохиланд.

Маросими кушодашавии Бозиҳои 3-юми олимпии наврасон 6 октябр дар назар аст. Ба барномаи бозиҳо 32 намуди варзиш – аспсаворӣ, бадминтон, баскетбол 3х3, бокс, вазнбардорӣ, варзиши сабук, велосипедронӣ, волейболи соҳилӣ, гимнастика, голф, гӯштин, дзюдо, заврақронӣ, камонварӣ, каратэ, қайиқронии академӣ, қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ, панҷҳарбаи муосир, рақси варзишӣ, регбӣ 7, сеҳарба, таэквондо, теннис, тенниси рӯи миз, тирандозӣ, футзал, гандболи соҳилӣ, чавгонбозӣ, чархакбозӣ, шамшербозӣ, шиноварӣ, шӯхпаймоӣ ворид карда шудаанд.

Дар олимпиада тақрибан 4000 нафар варзишгари аз 15 то 18-сола аз 206 давлати ҷаҳон  барои 241 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд.

Рамзи Бозиҳои сеюми олимпии наврасон — паланг Панди

Мусобиқаи дзюдо 7-10 октябр доир мегардад.

Варзишгари навраси тоҷик Сулаймони Ҷамшед 7 октябр дар вазни 66 килограм вориди рақобат мешавад.

Бежан Файзуллоев 10 октябр дар қувваозмоии тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр ва  Анастасия Тюрина 11-12 октябр дар ду қувваозмоӣ – шиноварӣ ба масофаи 50 метр ба  тарзи парвона ва 50 метр ба тарзи озод иштирок мекунанд.

Маросими пӯшидашавии бозиҳо 18 октябр ба нақша гирифта шудааст.

Октябрь 4, 2018 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд