ОБУ ҲАВО: имрӯз дар минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат ва дар баландии 2000 м боридани барф дар назар аст

Октябрь 10, 2018 08:23

ДУШАНБЕ, 10.10.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат    ва  дар баландии 2000 м боридани барф дар назар аст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок,   борони  кӯтоҳмуддат ва дар баландии 2500 м  боридани барф   дар назар аст.    Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-5, рӯзона 10+15 ва дар шарқи ин вилоят шабона -4-9 ва рӯзона +2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрнок   шуда, дар минтақаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва  шабона дар баландии 2000 м боридани барф дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб 3-8    метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +6+11  ва рӯзона +12+17  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок   пешгӯӣ шуда, дар   минтақаҳои кӯҳӣ боридани борон дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 ва рӯзона 15+20  дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда,  дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар баландии 2000 м  барф дар назар аст. Ҳарорат шабона ба +5+10  ва рӯзона ба +11+16  дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат  дар назар аст. Ҳаво шабона +6+8 ва рӯзона +12+14 дараҷа гарм мешавад.

 

Октябрь 10, 2018 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад