Ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷиу-ҷитсу дар шаҳри Душанбе маълум гардиданд

Октябрь 24, 2018 09:05

ДУШАНБЕ, 24.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷиу-ҷитсу миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон дар сатҳи баланду хотирмон баргузор шуд.

Тавре раиси Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон Алиҷон Давлатов  ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон иттилоъ дод, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин мусобиқаи байналмилалӣ бори аввал баргузор мешавад. Мақсад аз баргузории он интихоби дастаҳои мунтахаби наврасон, ҷавонон ва калонсолон ҷиҳати омодагӣ ва иштирок дар чемпионати ҷаҳон мебошад, ки моҳи апрели соли оянда дар Аморати Муттаҳидаи Араб доир мегардад.

Хотиррасон менамоем, ки дар мусобиқа 133 варзишгар аз давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Россия, ИМА, АМА ширкат намуданд.

Миёни наврасон ва ҷавонон ҳамаи ҷойҳои ифтихориро варзишгарони тоҷик сазовор шуданд. Миёни калонсолон низ дар бештари вазнҳо варзишгарони тоҷик ғолиб омаданд. Умуман, дар ҳисоби даставӣ ҷои аввалро Тоҷикистон, ҷои дуюмро Ӯзбекистон ва ҷои сеюмро Қирғизистон ишғол намуданд.

Ғолибон ва ҷоизадорони Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷиу-ҷитсу дар Душанбе байни калонсолон:

-50кг

1. Нурмуҳаммад Турсунзода (Тоҷикистон)
2. Абдуллоҳ Абдуғафуров (Ӯзбекистон)
3. Суҳроб Абдураҳмонов (Тоҷикистон)

-55кг

1. Амриддин Қурбонов (Тоҷикистон)
2. Ҷонибек Ёқубов (Тоҷикистон)
3. Шаҳзод Ҳотамов (Тоҷикистон)

-60кг

1. Сулаймони Аҳмадхон (Тоҷикистон)
2. Анушервон Давлатов (Тоҷикистон)
3. Сергей Алексушин (Тоҷикистон)

-62кг

1. Карим Мадинов (Ӯзбекистон)
2. Алиҷон Бобомуродов (Тоҷикистон)
3. Раҳматулло Ҳоҷиев (Ӯзбекистон)

-66кг

1. Амиралӣ Ҳалимов (Тоҷикистон)
2. Тимур Абдуллоев (Ӯзбекистон)
3. Диёрбек Анваров (Ӯзбекистон)

-69кг

1. Шоимард Абдулназаров (Тоҷикистон)
2. Сардор Солиев (Ӯзбекистон)
3. Ҳафизҷон Қурбонов (Тоҷикистон)

-77кг

1. Маъруфҷон Назаров (Тоҷикистон)
2. Ҳаруна Мадинов (Ӯзбекистон)
3. Данте де Агостаро (ИМА)

-85кг

1. Дмитрий Новиков (Қирғизистон)
2. Абубакр Назарзода (Тоҷикистон)
3. Комрон Ғуломшозода (Тоҷикистон)

+94

1. Умедҷон Нуров (Ӯзбекистон)
2. Ризо Сафаров (Ӯзбекистон)
3.  Эраҷ Аминзода  (Тоҷикистон)

 

Октябрь 24, 2018 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд