«ОШИ ПАЛОВ» ДАР «ЛАЗЗАТИ ПАНҶАКЕНТ». Дар шаҳри соҳили Зарафшон нахустин бор чунин фестивалҳои калон доир шуданд
ДУШАНБЕ, 01.10.2018. /АМИТ «ХОВАР»/. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бори аввал дар шаҳри Панҷакент фестивали «Лаззати Панҷакент» баргузор гардид. Дар он тамоми ҳунармандони шаҳру деҳот ва намояндагони 14 ширкати сайёҳӣ маҳсули хешро ба маъраз гузоштанд. Фестивал бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Шӯрои рушди туризм дар водии Зарафшон» доир карда шуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин рӯз ҳамчунин фестивали «Оши палов» низ доир карда шуд. Дар он зиёда аз 10 ошпаз ширкат намуда, малакаи ошпазии хешро нишон доданд.
«Дар чорабинии фарҳангӣ дар баробари меҳмонон ва сокинон ҳамзамон даҳҳо нафар сайёҳони хориҷӣ ширкат варзида, бо ҳунару анъанаҳои мардуми тоҷик шиносоӣ пайдо карданд. Сайёҳон дар назди ҳунармандон бо табақҳои оши тоҷикӣ ва дегҳо аксбардорӣ мекарданд. Фестивал ду рӯз идома ёфта, меҳмонону сайёҳон бо ёдгориҳои беназири таърихии Панҷакент, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва имкониятҳои сайёҳии ин шаҳри қадимӣ шинос шуданд»,-гуфт манбаъ.
Ҳайати ҳакамон беҳтарин ошпазҳо-ғолибонро муайян карда, ба ошпази маҳаллаи Шафтолузор Облоқул Абдулхонов ҷои аввал (500 сомонӣ), ба ошпази маҳаллаи Азизобод Мавлон Фахриев ҷои дуюм (300 сомонӣ) ва ба ошпази Ҷамоати деҳоти Хурмӣ Аброр Қодиров мақоми сеюмро (200 сомонӣ) сазовор донистанд.
Ғолибон бо Ифтихорномаи раиси шаҳри Панҷакент ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
Барномаи фарҳангӣ хотири меҳмонони дохиливу хориҷиро болида гардонида, ба чорабинӣ шукӯҳи тоза зам намуд.








Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд






