Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе: «Ба сухангӯи Хадамоти гумрук дар шаҳри Душанбе ягон хел ҳамла сурат нагирифтааст»
ДУШАНБЕ, 15.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе расман иттилоъ медиҳад, ки иттилооти расонаҳои дохиливу хориҷӣ дар мавриди аз ҷониби нафарони номаълум мавриди ҳамла ва латукӯб қарор гирифтани сардори маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фахриддин Собиров дар маркази шаҳри Душанбе асоси воқеӣ надорад. Дар ин бора аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо нигаронӣ иттилоъ додааст, ки нашри чунин хабарҳои ҳангомасоз тавассути сомонаҳои иттилоотӣ сабабгори пайдо гардидани ҳар гуна овозаҳо дар ҷомеаи орому осуда мегардад.
«Бо истифода аз фурсати муносиб мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар вокуниш ба иттилооти ғайривоқеӣ ва носаҳеҳи расонаҳои хабарӣ ба иттилои сокинон ва кулли намояндагони воситаҳои ахбори омма мерасонад, ки хабари мазкур ҳанӯз 13 октябр дар Китоби қайди маълумот оид ба ҳодисаҳои шуъбаи 1-и ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамчун «ҳодисаи нохуш» ба қайд гирифта шуда, аз ҷониби гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ҳамаи фарзияҳо мавриди санҷиши пурра, ҳамтарафа ва шаффоф қарор дода шудааст»,- омадааст дар идомаи иттилоия.
Манбаъ иттилоъ медиҳад: «Дар натиҷа кормандони милитсия бо истифода аз имкониятҳои техникии камераҳои Маркази худкори «Шаҳри бехатар» ва пурсиши шоҳидони ҳодиса муайян намуданд, ки 13 октябри соли равон, соати 11:02 ҳангоми дар кӯчаи Рӯдакӣ, дар канори роҳи мошингузар, назди бинои 37 қарор доштанаш шаҳрванд Фахриддин Собиров, соли таваллудаш 1966, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе аз сабаби баланд гардидани фишор ногаҳон ба замин афтида, дар натиҷа ҷароҳат бардоштааст».
Тавре аз наворҳои тафтишотӣ бармеояд, сипас шоҳидони ҳодиса бо мақсади кумак намудан ба нафари афтода дарҳол ба назди ӯ омада, ҷиҳати дастрас намудан ба Беморхона мошини «Ёрии таъҷилӣ»-ро давъат менамоянд. Дар натиҷа баъди чанд лаҳза табибони Беморхонаи «Ёрии таъҷилӣ» ба ҷои ҳодиса ҳозир гардида, шаҳрванд Собировро ба Беморхона интиқол медиҳанд.
«Аз маълумоти духтурони бригадаи «Ёрии таъҷилӣ», ки ба ҷои ҳодиса ҳозир гардида буданд, бармеояд, ки зимни муоинаи аввалини тиббӣ муайян карда шудааст, ки фишори шаҳрванд Фахриддин Собиров ҳанӯз дар вақти рух додани ҳодиса аз 220 дараҷа боло будааст ва ин омил сабабгори асосии беҳушӣ ва ба замин афтидани Собиров шудааст»,- илова намуд манбаъ.








НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд






