Рустами Эмомалӣ дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U -16) оид ба футболро барои дарёфти роҳхати Чемпионати ҷаҳон-2019 табрик намуд
ДУШАНБЕ, 01.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U -16) оид ба футбол дар рақобати марҳилаи ¼- ниҳоии Чемпионати Осиё-2018 бо шикаст додани дастаи Кореяи Шимолӣ 1:1 (4:2 аз рӯи пеналтӣ) барои худ на танҳо ба сабқати нимниҳоии мусобиқаи мазкур роҳ кушод, балки роҳхати ширкат дар Чемпионати ҷаҳон-2019-ро, ки баргузориаш дар кишвари Перу дар назар аст, ба даст овард. Бо ин комёбии назарраси деринтизор футболбозони дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистонро президенти Федератсияи футболи кишвар Рустами Эмомалӣ табрику таҳният гуфт.
Дар номаи табрикотии президенти ФФТ, аз ҷумла омадааст: «Аз номи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов ба ифтихори дарёфти роҳхати ширкат дар Чемпионати ҷаҳон-2019 (U-17), ки баргузориаш тобистони соли оянда дар кишвари Перу мавриди назар аст, аз самими қалб табрику таҳният мегӯям. Билохира фурсате фаро расид, то аз ҳосили заҳматҳои ҳамвораи душвори хеш ком ширин кунем. Дар ин лаҳзаҳои бекарони фараҳфизо мехостам ба ҳайати бозингарон, ситоди мураббиёну маъмурон бар ивази заҳмати босифату касбиашон изҳори самимонаи қаноатмандию муборакбодӣ бинмоям. Шербачаҳои тоҷик базми фараҳу шодиро барои худ ва ҳама туфайли заҳмати ҳамвораву тоқатхора, таҳаммули ранҷу азоб ва азми қавию қатъию фидокорӣ фароҳам сохтанд. Аҳсан, тими зафармандон! Ин аст тимсоли фидокорию мубориза дар роҳи ҳифзи нангу номи меҳан! Ташаккур ба ҳамаи онҳое, ки дар ин лаҳзаҳо аз дастаи мунтахаби мамлакат пуштибонӣ менамуданд! Ба дастаи мунтахаби сарбаланду пирӯзи футболбозони умедбахши тоҷик дар рақобати марҳилаи нимниҳоии Чемпионати Осиё-2018 кушоиши кор ва авҷу барор таманно мекунам!», — иброз намудааст президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар сомонаи расмии ФФТ.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






