Ширкатҳои Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии озуқаворӣ дар Париж меваҳои шаҳдбори мамлакатро ба намоиш гузоштанд

Октябрь 26, 2018 08:11

ДУШАНБЕ, 26.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 25 октябри соли равон бо дастгирии Вазорати кишоварзӣ ва Палатаи савдо ва саноати Франсия дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Франсия   бузургтарин Намоишгоҳи байналмилалии озуқаворӣ дар толори SIAL (Salon International de l’alimentation) баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Намоишгоҳ бори аввал намояндагони ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон, аз ҷумла « ECO Fruit Isfara», «ORO Isfara»  ва «Apricot & Company», ки дар самти коркард ва басту банди меваҳои тару хушкмеваҳо фаъолият доранд, ҷиҳати муаррифии маҳсулоти озуқаворӣ иштирок карданд.

Бояд зикр намуд, ки Намоишгоҳи байналмилалии озуқаворӣ бо навбат як сол дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Франсия ва соли дигар дар шаҳри Кёлни Ҷумҳурии Федеративии Германия гузаронида мешавад. Ин намоишгоҳ бори аввал соли 1964 дар Париж баргузор гардида буд.

Имсол дар Намоишгоҳи мазкур беш аз 14 800 ширкат аз 109 давлати дунё иштирок намуда,  маҳсулоти  кишварҳои худро ба тамошо гузоштанд.

Баргузории чунин намоишгоҳҳо барои рушди тиҷорати байналмилалӣ ва минтақавӣ имконияти васеъ фароҳам меорад.

Октябрь 26, 2018 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад