«ШОДИИ ТОШКАНД». Рассомони хурдсоли Тоҷикистон ба намоиши байналмилалӣ даъват мешаванд
ДУШАНБЕ, 2.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷониби Академияи санъати Ҷумҳурии Ӯзбекистон Намоиши VII байналмилалии тасвири кӯдакон таҳти унвони «Шодии Тошканд» баргузор мегардад. Намоиши мазкур дар ду сол як маротиба гузаронида мешавад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, намоиши рассомӣ моҳи декабри соли равон баргузор гардида, барои иштирок дар он кӯдакони аз 5 то 15-сола аз кишварҳои гуногун, инчунин аз Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.
Мавзӯъҳои мусаввараҳо соли ҷорӣ чунинанд: «Дунёи кӯдакӣ», «Ватани ман», «Ҷаҳоне, ки ман зиндагӣ мекунам», «Орзуи ман», «Ӯзбекистон аз нигоҳи ман».








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






