Сулаймони Ҷамшед дар Бозиҳои олимпии наврасон-2018 ҷои нуҳумро соҳиб шуд

Октябрь 9, 2018 08:42

ДУШАНБЕ, 09.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари  шинохтаи тоҷик Сулаймони Ҷамшед  дар  рӯзи аввали Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон, ки дар  шаҳри Буэнос Айреси Аргентина  ҷараён дорад, аз намуди дзюдо ҷои нуҳумро соҳиб шуд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, Сулаймон дар вазни -66 кг нахуст бар варзишгари Қирғизистон Султон Женишбеков ғалаба кард. Вале дар рақобати дуюм аз намояндаи Озарбойҷон Вугар Толибов, ки ғолиби ин вазн гардид, мағлуб шуд.

Сулаймони Ҷамшед баъдан дар қувваозмоии тасаллобахш аз паҳлавони кубагӣ Кими Бранко низ шикаст хӯрд.

Абрек Нагучев аз Россия медали нуқра, Ҷевиа Инсаустӣ аз Испания ва Антонио Торнал аз Доминикан медалҳои биринҷии олимпиадаро сазовор шуданд.

 

Октябрь 9, 2018 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд