Сулаймони Ҷамшед дар Бозиҳои олимпии наврасон-2018 соҳиби медали биринҷӣ гардид

Октябрь 11, 2018 11:30

ДУШАНБЕ, 11.10.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Паҳлавони шинохтаи  тоҷик Сулаймони Ҷамшед дар Бозиҳои олимпии наврасон-2018, ки дар шаҳри  Буэнос Айреси Аргентина ҷараён дорад, дар ҳисоби даставӣ сазовори медали биринҷӣ гардид.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд,  10 октябр, дар рӯзи чоруми мусобиқаи дзюдо қувваозмоиҳои даставии омехта баргузор шуданд. Варзишгарон ба 13 даста тақсим шуда, бо номи шаҳрҳое, ки мизбони Бозиҳои олимпӣ буданд, номгузорӣ шуданд.

Варзишгари тоҷик Сулаймони Ҷамшед, ки дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни -66кг ҷои нуҳумро ишғол карда буд, дар ҳайати даставии «Рио-де-Жанейро» ҳамроҳ бо варзишгарони Косово (Эрза Муминович), Туркманистон (Милана Чоригулиева), Алҷазоир (Ёсамин Ҷиллаб), Словения (Метка Лобник), Қирғизистон (Султон Женишебов), Россия (Абрек Нагучев), Бурунди (Флери Нихозеко) ҷои сеюмро сазовор шуд.

Дар ҳайати даставӣ дастаи мунтахаби  «Пекин» ҷои аввалро ишғол намуд. Дастаи «Афина» ҷои дуюм, дастаҳои «Рио-де-Жанейро» ва «Лондон» зинаи сеюмро сазовор шуданд.

Намояндаи дигари кишвари мо Бежан Файзуллоев дар намуди тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 м қувва озмуда, дар даври интихобӣ миёни 20 варзишгар бо натиҷаи 538-7 ҷои 20-умро ишғол намуд.

Баъд аз 4 рӯзи натиҷагирии мусобиқоти Бозиҳои олимпии наврасон-2018 варзишгарони Россия бо 21 медал (16 тилло, 3 нуқра, 2 биринҷӣ) дар ҷои аввал ҳастанд.

Дастаи  мунтахаби  Венгрия бо 10 медал (8-1-1) дар мақоми дуюм, дастаи мунтахаби  Япония бо 10 медал (4-3-3) дар мақоми сеюм қарор доранд.

Дар маҷмӯъ, то имрӯз варзишгарони 63 давлат соҳиби медал гаштаанд.

Октябрь 11, 2018 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд