ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 октябр, ҷумъа, 292-юмин рӯзи соли 2018 аст
19 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Украина ва Нидерландия эътимоднома қабул намуданд.
***
19 октябри соли 2015 бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хатти нави интиқоли барқи «Қайроққум-Ашт» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои бевосита шинос шудан бо ҳолати роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар шимоли кишвар ба вилояти Суғд тавассути нақлиёти автомобилӣ сафар карданд.
19 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи ҷаҳонии иттифоқҳои қарзӣ.
***
Дар Россия -рӯзи хонандагони литсейҳо.
***
Дар Қазоқистон -рӯзи наҷотдиҳандагон.
***
Дар Молдова- рӯзи ҳуқуқшинос.
РӮЙДОДҲО:
19 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи даҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.
***
19 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба теннис оғоз гардида, се рӯз идома ёфт.
***
3 сол пеш, 19 октябри соли 2015 дар ноҳияи Шаҳристон Маркази таълимӣ — фароғатии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.
***
19 октябри соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи қарзии Лоиҳаи беҳтаргардонии роҳи мошингарди Душанбе – сарҳади Ӯзбекистонро ба тасвиб расонид.
***
Дар ин рӯзи соли 1853 дар Гавая нахустин фабрикаи орд ба кор оғоз намуд.
***
19 октябри соли 1914 хадамоти почтавии амрикоӣ аввалин маротиба барои ҷамъоварӣ ва дастрас намудани мактубҳо аз мошин истифода кард.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2010 дар шаҳри Душанбе аввалини Форуми байналмилалӣ – сармоягузорӣ оид ба савдои агросаноатӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад.









Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






