Вакилони Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид намуданд

Октябрь 31, 2018 13:00

ДУШАНБЕ, 31.10.2018/АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи  навбатии иҷлосияи панҷуми палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ  ва қабул гардид.

Зикр шуд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи меъморӣ ва сохтмон, беҳтар намудани пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон таҳия  гардидааст. Бо қабул гардидани лоиҳаи қонуни мазкур заминаи ҳуқуқӣ барои мукаммал ва мушаххас намудани муқаррароти моддаҳои марбутаи Кодекси шаҳрсозӣ  гузошта мешавад.

Ҳамзамон дар иҷлосия вакилони Маҷлиси намояндагон  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» низ муҳокима ва қабул гардид.

Зимни тавзеҳи масъалаи мазкур Вазири рушди иқтисод ва савои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода гуфт, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ  намудан ба талаботи пешбинӣ намудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конвенсияи Париж «Оид ба ҳифзи моликияти саноатӣ», Созишномаи Мадрид «Дар бораи бақайдгирии байналмилалии тамғаҳо» ва Шартномаи Сингапур «Дар бораи қонунҳои тамғаи молӣ» таҳия гардидааст.

Инчунин зимни баррасии масъалаи ниҳоии рӯзномаи иҷлосия — лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ»  таъкид шуд, ки    лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудан ба  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», аз лиҳози талаботи забони давлатӣ такмил додан, муқаррар намудани якчанд меъёрҳои нав вобаста ба талаботи замони муосир,  инчунин густариши муносибатҳо ва робитаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо таҳия гардидааст.

Октябрь 31, 2018 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд