Варзишгари тоҷик Шаҳриёр Даминов дар мусобиқаи қаиқронӣ соҳиби медали тилло гардид!

Октябрь 23, 2018 11:00

ДУШАНБЕ, 23.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари маъруфи тоҷик  Шаҳриёр Даминов дар қувваозмоии қаиқронӣ дар каноэи якнафара ба масофаи 1000 метр сазовори медали тилло шуд. Дар ин масофа ҷои дуюмро намояндаи Ӯзбекистон ва зинаи сеюмро варзишгари Эрон ишғол намуданд.

Тавре аз Федератсияи қаиқронии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон иттилоъ доданд, 22 октябр дар чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ миёни ҷавонони то 23-сола варзишгарони Тоҷикистон сазовори ду медал гардиданд. Шаҳриёр ҳамчунин дар каноэи чорнафара ба масофаи 1000 метр ҳамроҳ бо Мустафо Даминов, Иван Ковалев ва Дилшод Ҷӯраев медали биринҷӣ ба даст овард.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола ва Ҷоми Осиё оид ба қаиқронӣ дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо иштироки варзишгарони 15 давлати Осиё 20 октябр оғоз гардида, 25 октябр ба анҷом мерасад.

Аз ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ин мусобиқот 23 варзишгар иштирок доранд.

Октябрь 23, 2018 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд