Варзишгарони қаиқрони тоҷик барои иштирок дар Чемпионати Осиё-2018 ба Самарқанд сафар карданд
ДУШАНБЕ, 19.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 25 октябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷоми Осиё миёни калонсолон ва Чемпионати Осиё миёни варзишгарони то 23-сола оид ба қаиқронӣ баргузор мешавад.
Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон котиби генералии Федератсияи қаиқронии Тоҷикистон Нодир Сафаров хабар дод. Ба иттилои мавсуф, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 28 нафар (23 варзишгар, 5 мураббӣ) ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои мазкур имрӯз ба шаҳри Самарқанд сафар кард.
Ба иттилои номбурда варзишгарони мо дар Ҷоми Осиё дар қувваозмоиҳои К1, К2 – 200м, 1000м, К4 – 500м, С1, С2 – 200 м, 1000 м; С4 – 500м, дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 17-сола дар қувваозмоиҳои К1 – 200м, 500м, 1000м; К2 – 200м, 1000м; К4 – 500м, С1 – 200м, 500м, 1000м; С2 – 200м, 1000м; С4 – 500м, миёни ҷавонони то 23-сола қувваозмоиҳои К1, К2 – 200м, 500м, 1000м; К4 – 500м, 1000м, С1, С2 – 200м, 500м, 1000м; С4 – 500м, 1000м (писарон), К1, К2 – 200м, 500м, К4 – 500м, С1, С2 – 200м, 500м, С4-500м (духтарон) қувва месанҷанд.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаҳои мазкур иштироки варзишгарон аз 15 давлати Осиё дар назар аст.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






