Варзишгарони қаиқрони тоҷик дар Самарқанд соҳиби шаш медал гардиданд

Октябрь 26, 2018 09:00

ДУШАНБЕ, 26.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба қаиқронӣ дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола ва Ҷоми Осиё, ки дирӯз дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба анҷом расиданд, сазовори 6 медал (2 тилло, 4 биринҷӣ) гардиданд.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон хабар доданд,  дар рӯзи охирини Чемпионати Осиё Шаҳриёр Даминов дар каноэи якнафарӣ ба масофаи 500 метр аввалин шуда, ба марра расид. Намояндаи Тайпейи Чин ҷои дуюм, варзишгари давлати мизбон – Ӯзбекистон ҷои сеюмро ишғол намуданд.

Шаҳриёр Даминов ҳамроҳ бо Мустафо Даминов, Абубакр Рустамов ва Дилшод Ҷӯраев ҳамчунин дар байдаркаи чорнафарӣ дар масофаи 500 метр медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Ёдовар мешавем, ки Шаҳриёр Даминов дар рӯзи аввали Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола дар каноэи якнафара ба масофаи 1000 метр сазовори медали тилло шуда буд. Ӯ ҳамчунин дар каноэи чорнафара ба масофаи 1000 метр ҳамроҳ бо Мустафо Даминов, Иван Ковалев ва Дилшод Ҷӯраев медали биринҷӣ ба даст овард.
Ду медали дигарро варзишгарони мо дар Ҷоми Осиё сазовор шуданд. Абдусаттор Ғаффоров дар байдаркаи якнафарӣ ба масофаи 1000 метр медали биринҷӣ гирифт.

Дар ин қувваозмоӣ ҷои аввалро Алексей Мочалов аз Ӯзбекистон, ҷои дуюмро Ибрагим Шарафутдинов аз Қазоқистон ишғол намуданд. Абдусаттор Ғаффоров ҳамчунин дар байдаркаи дунафарӣ ҳамроҳ бо Саидилҳомхон Назиров дар масофаи 1000 метр сазовори медали биринҷӣ гаштанд. Ҷуфти варзишгарони Қазоқистон – Давлат Султонбеков/Александ Эмелянов медали тилло, ҷуфти варзишгарони Ӯзбекистон – Александр Тропин/Вилям Ибрагимов медали нуқра гирифтанд.

Хотиррасон менамоем, ки  Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола ва Ҷоми Осиё оид ба қаиқронӣ дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо иштироки варзишгарони 15 давлати Осиё 20-25 октябр доир гардид.

 

 

Октябрь 26, 2018 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд