Варзишгарони шинохтаи тоҷик ба Амороти Муттаҳидаи Араб сафар карданд

Октябрь 26, 2018 13:50

ДУШАНБЕ, 26.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо дар ҳайати 7 нафар ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо аз силсилаи «Grand Slam» ба Амороти Муттаҳидаи Араб сафар кард.

Тавре аз  Федератсияи  дзюдои  Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқаи байналмилалии дзюдои «Abu Dhabi Grand Slam 2018» 27-29 октябр баргузор мешавад.

Дар мусобиқа 372 нафар варзишгарон (230 мард, 142 зан) аз 64 кишвари дунё иштирок менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи бонуфуз 6 варзишгар бо роҳбарии сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо Муҳаммадмурод Абдураҳмонов намояндагӣ мекунанд:

Мирзоҷамил Рамазонов (-73кг);
Раҳматуллобек Фарҳодов (-73кг);
Ҷаҳонгир Маҷидов (-81кг);
Комроншоҳ Устопириён (-90кг);
Саидҷалол Саидов (-100кг);
Хуршед Маҷидов (+100кг).

Дар асоси низомномаи мусобиқа, варзишгарон барои медали тилло 5000 доллари ИМА, барои медали нуқра 3000 доллари ИМА ва барои медалҳои биринҷӣ 1500-долларӣ ҷоиза мегиранд.

Ҳамчунин дар ин мусобиқа варзишгарон соҳиби холҳои олимпӣ мегарданд.

Октябрь 26, 2018 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд