Владимир Жириновский аз Тоҷикистон боздид менамояд
ДУШАНБЕ, 24.10.2018/АМИТ «Ховар»/. Раиси ҳизби либералию демократии Россия Владимир Жириновский охири моҳи октябр бо сафари серӯза бо ҳайати беш аз 20-нафараи вакилони Думаи давлатии Федератсияи Россия ба Тоҷикистон меояд.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба ҳамкории байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ВАО Олимҷон Салимзода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки сафари Владимир Жириновский ба Тоҷикистон бо ташаббуси худи ӯ ва дар доираи таҳкими робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия сурат мегирад.
Интизор меравад, ки ходими сиёсии Россия дар доираи сафараш ба Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, ки дар Парлумон фраксия доранд ва ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия мулоқот анҷом диҳад.
Зимни сафар ба Тоҷикистон Раиси ҳизби либералӣ –демократии Федератсияи Россияро беш аз 20 нафар вакилони Думаи давлатӣ ва коршиносон ҳамроҳӣ менамоянд.
Ҳамзамон В. Жириновский ва ҳамроҳонаш аз мавзеҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон, назири Қалъаи Ҳисор, Осорхонаи ширкати алюминии Тоҷикистон «ТАЛКО» ва ангурзорҳои водии Ҳисор боздид хоҳад кард.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






